Бо дастури Пешвои миллат Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати оилаҳои шахсони аз бемории сироятӣ фавтида рафт

Май 23, 2020 11:50

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ба манзилҳои фавтидагон аз бемории илтиҳоби шуш рафта, аҳли оилаи онҳоро аёдат ва аз номи   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро  изҳори таслият намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад.

Раиси вилояти Суғд, аз ҷумла оилаи аз бемории сироятии илтиҳоби шуш фавтидаи Робия Дӯстова, сокини деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва оилаи фавтида Хурсандой Гадоева, сокини кӯчаи ба номи О. Мӯъминова, №78 – и шаҳри Панҷакентро аёдат намуда, ба аҳли оила изҳори ҳамдардӣ баён дошта, кумаки моддӣ расонид.

Раҷаббой Аҳмадзода бо мардуми ин маҳаллаҳо суҳбат намуда, ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин дастур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Қоидаҳои гигиенӣ, меъёрҳои фосилавиро риоя намуда наздикон ва аҳли оилаи худро эҳтиёт кунанд.

Зикр шуд, ки бо заҳмати шабонарӯзии табибони тоҷик аксари мубталоёни бемории COVID-19 шифо ёфта истода, сироятёбӣ ба беморӣ коҳиш ёфта истодааст.

Май 23, 2020 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид