COVID-19. Маслиҳати табиб оид ба сироят наёфтан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ
ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ«Ховар»/. Мутахассиси дорушинос, номзади илмҳои тиб Андрей Кондрахин дар мусоҳиба бо «Вечерний Москва» қоидаҳои ҳифзи саломатиро ҷиҳати пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ шарҳ дод.
Мутахассис таъкид намуд, ки ҳангоми рафтан ба кинотеатрҳо пӯшидани дастпӯшак ва ниқобро набояд фаромӯш кард. Ба гуфти ӯ, бо вуҷуди он ки пас аз ҳар намоиш дар толорҳо корҳои тамизкунӣ анҷом дода мешаванд, чораҳои пешгирикунандаро набояд сарфи назар кард. Масалан, беэтиноӣ карда, дастпӯшакҳоро кашидан ва ба рӯй даст расондан лозим нест.
«Албатта, бо ниқоби рӯй истеъмоли хӯрок аслан имкон надорад, ҳамчуноне, ки бо дастпӯшак гирифтани попкорн ва нӯшокиҳо низ маслиҳат дода намешавад»,- зикр намуд Кондрахин.
Дар фитнес-марказҳо бояд назорат намуд, ки шахс тамоми чизҳои ламскарда ва онҷоеро, ки нафаси ӯ расидааст, тамиз намояд. Шарти муҳим дар ин ҷо риоя кардани масофаи иҷтимоӣ аст. «Масофаи байни асбоб бояд якуним метр бошад», — гуфт коршинос.
Кондрахин таъкид намуд, ки танҳо бо ниқоб ва дастпӯшакҳои пахтагин, ки аз дохили каф резинӣ ҳастанд, метавон ба варзиши бадан машғул шуд.
«Барои пок кардани арақи бадан сачоқи калонеро интихоб намоед ва тарафи даст расондаатонро нишона кунед, то он паҳлӯро ба рӯй нарасонед», — гуфт ӯ.
Ҳамчунин дар марказҳои савдо ҳангоми харид аз мағозаҳои косметикӣ бояд эҳтиёткорона рафтор намуд. Намунаҳое, ки барои санҷиш гузошта шудаанд, метавонанд хатарзо бошанд. Вақте мо атрро бӯй мекашем, босуръат нафас мегирем ва агар дар наздамон беморе бо COVID-19 қарор дошта бошад, эҳтимоли сироятёбӣ ба маротиб меафзояд, таъкид намудааст Кондрахин.
Табиб ҳамчунин ба муштариёни кошонаҳои ҳусн маслиҳат медиҳад, ки бо асбоби худ ба он ҷо бираванд.
Ёдовар мешавем, ки дар 49 кишвари олам, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Франсия, Германия, Белгия, Чехия, Руминия, Италия, Сингапур ва Ҳиндустон пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмист.
АКС аз сомонаи Kubnews.ru








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






