Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар чорабинии муштараки сатҳи баланд роҷеъ ба мавзӯи обу беҳдошт ва иқлим

Май 30, 2020 09:45

ДУШАНБЕ, 30.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 май Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии муштараки сатҳи баланд зери унвони «Суръатбахшии татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 тавассути амалҳо дар соҳаҳои обёрӣ, беҳдошт ва иқлим» иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, чорабинии муштараки сатҳи баланд бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Канада, Финляндия, Венгрия, Япония, Кения, Нидерландия, Португалия, Сингапур, Тоҷикистон дар СММ ва Департаменти СММ оид ба масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва дастгирии ниҳоди «СММ-Об» дар шакли видео-конфронс ташкил гардидааст.

Дар суханронии хеш Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ростои паҳншавии бемории ҳамагири COVID-19 ва пайомадҳои он ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо ва тағйирёбии иқлиму таъсири он ба олами ҳайвоноту наботот ҷиҳати татбиқи самараноки Ҳадафҳои рушди устувор барои давраи то соли 2030 ҳамаи ҷонибҳоро ба таҳкими ҳамкорӣ даъват намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин инчунин ҳифзи захираҳои обии минтақа ва истифодаи сарфаракоронаи онҳоро муҳим хонда, диққати ширкаткунандагонро ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои обӣ, ки барои пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об мусоидат менамоянд, ҷалб намуд.

Гузашта аз ин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон самтҳои авлавиятноки ҳамкории давлати  моро дар доираи СММ қайд карда, бо таваҷҷуҳ ба вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ба зарурати тақвияти ҳамкориву шарокати ҷонибҳо дар ҳама соҳаҳо таъкид кард.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 30, 2020 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад