РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАСТГИР КАРДА ШУД. Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Июнь 8, 2020 13:03

ДУШАНБЕ, 08.06.2020. /АМИТ “Ховар”/. 8  июни соли ҷорӣ  Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ дастгир карда шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти КДАМ.

Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Б. Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва  3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Х.П. ва Қурбонов Ф. Д. нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши Раиси шаҳри Кулоб Б. Иноятзода содир намудаанд.

Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.

Нисбат ба Б. Иноятзода аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар якҷоягӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардид. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Июнь 8, 2020 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар самти амният тақвият медиҳанд
МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ. Ин зуҳуроти манфӣ имрӯз ба таҳдиди нигаронкунанда ба амнияту суботи давлатҳо табдил ёфтаанд
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Ҷаласаи бисту сеюми прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар вохӯрии котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар машварати роҳбарони воҳидҳои оперативии вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир