Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаҳои Бадахшон лавозимоти тиббӣ ирсол намуд

Июнь 8, 2020 16:14

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи доруворӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ, ҳароратсанҷҳои фосилавӣ дастрас намуд.

Тавре муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нуралӣ Додалиев ба хабарнигори АМИТ “Ховар” гуфт, аз рӯзҳои аввали ошкор гардидани ин бемории сироятӣ мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ҳамеша бо мо дар робита буда,  ҳамарӯза дар якҷоягӣ вазъиятро таҳлил мекунем. Дар таъмини доруворӣ ё лавозимоти дигари тиббӣ ҳамеша дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ эҳсос карда мешавад. Ин бор барои табибони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки шабу рӯз дар канори беморон қарор доранд  беш аз 600 дона либосҳои махсуси муҳофизатӣ, 19 ҳазор ниқобҳои яккаратаву бисёркарата, 16 ҳазор дона айнакҳои муҳофизатӣ ва 80 дона ҳароратсанҷҳои фосилавиро дастрас карда шуд. Маблағи умумии ин кумакҳо беш аз 330 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят дар баробари кумаки моддӣ табибонро аз ҷиҳати маънавӣ низ дастгирӣ мекунанд. Пас аз ҳар як ҳафта бо кумаку дастгирии раиси вилоят гурӯҳи табибоне, ки ба мулоҷиаи бемориҳои сироятӣ машғуланд, барои истироҳату дамгирӣ ба шифохонаҳои Гармчашма, Ҷелондеҳ фиристода мешаванд.

Ҳамчунин муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят аз кумакҳои пайвастаи кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ изҳори сипос карда, зикр намуд, ки ҳамарӯза кормандони ин ниҳоди давлатӣ кучаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурию маишӣ ва истиқоматии  сокинони шаҳру деҳотро бо истифода аз мошинҳои хадамоти оташнишонӣ безарар мегардонанд. Табибон пайваста аз тариқи расонаҳои хабарии маҳалӣ ва дар суҳбатҳои инфиродӣ ба аҳолӣ роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро шарҳу тавзеҳ медиҳанд, зеро ин яке аз роҳҳои беҳтарини аз байн бурдани бемории COVID-19 аст.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов зимни боздид аз беморхонаи вилоятӣ ба ҳукумати кишвар барои аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намудани беморхонаҳои вилоят ва ба  ҳамаи табибону ҳамшираҳои шавқат барои хизмати содиқонаву мунсифона изҳори сипос кард ва афзуд, ки пас аз байн бурдани ин бемории сироятӣ бинои ҳамаи шӯъбаҳои беморхонаи вилоятӣ ба таври комил  мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор хоҳад гирифт.

Июнь 8, 2020 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо