ПУШТИБОНӢ АЗ СИЁСАТИ ИҶТИМОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Кӯмаки соҳибкори ватанӣ ба ятимону табибони пойтахт
ДУШАНБЕ, 28.07.2020/АМИТ «Ховар»/. Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ аз иқдомҳои наҷибонаву созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмакҳои моддӣ ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа ба ҳукми анъана