Абдулло Раҳмонзода: Соли равон ба хазинаи варзишии мамлакат 27 медали тилло ворид гардид

Июль 28, 2020 17:05

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар 6 моҳи соли равон варзишгарони тоҷик ба хазинаи варзиши ҷумҳурӣ 92 медал ворид намуданд, ки аз ин шумора 27 адади  онро медалҳои тилло ташкил медиҳанд. Дар ин давра ду нафар варзишгарони тоҷик тавонистанд роҳхати бозиҳои олимпии Токиоро ба даст оваранд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба хабарнигорон  баён дошт.

«Бо мақсади муаррифии варзиши тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 186 нафар варзишгарони ҳайати дастаи мунтахаби мамлакат дар 25 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, дар баробари 27 медали тилло 27 медали нуқра ва 38 медали биринҷӣ ба хазинаи варзишӣ ворид намуданд, ки медалҳои воридгардида нисбат ба соли 2019  97 адад кам мебошанд»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Ба зикри номбурда, барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, пешгирии амалҳои номатлуб ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, дар асоси нақшаҳои кории Кумита давоми шашмоҳаи якуми соли равон 35 барномаҳои варзишии мухталиф баргузор карда шуд. Аз шумораи умумии чорабиниҳои доиргардида 8 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намудҳои лижаронии кӯҳӣ, варзиши сабук, шоҳмот, вазнбардорӣ ва дзюдо байни маъюбон, шоҳмот, гўштини миллӣ, самбо, дзюдо, шиноварӣ, ҳандбол, чавгонбозӣ, теннис, акробатикаи варзишӣ, каратэ — до, таэквондо ВТФ, волейбол байни бонувон ва мардон доир карда шуд, ки дар онҳо 5 ҳазору 872 варзишгар, аз ҷумла 992 бону фаро гирифта шуданд.

Июль 28, 2020 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд