Дар Душанбе таҳти унвони «Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни дзюдо» курси омӯзишиву техникӣ баргузор шуд

Июль 9, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 09.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 8 июли соли равон дар  шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон курси омӯзишӣ-техникии «Ҳамбастагии олимпӣ барои мураббиёни дзюдо» баргузор гардид. Дар ин бора намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар курси техникӣ 20 мураббӣ аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат карда, аз коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров қоида ва усулу техникаҳои гуштини дзюдоро ҳам назариявӣ ва ҳам дар амал омӯхтанд.

«Муддати ҳашт рӯз мо дар асоси дастурамалу маводҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо бо иштирокчиёни курс қоидаву усулҳои дзюдоро, ки қариб ҳар сол бозбинӣ мешаванд, ҳам назариявӣ ва ҳам дар амал баррасӣ кардем ва умед мекунем, ки омӯзишҳо барои мураббиён ҷиҳати омода кардани варзишгарони сатҳи байналмилалӣ коромад хоҳад буд», — иброз намуд Рамзӣ Шамиров.

Бояд зикр кард, ки дар ҷамъбасти курс котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат карда, мураббиёнро барои бомуваффақият хатм кардани курси омӯзишӣ шодбош гуфт.

«Баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ дар асоси супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи 17-уми Ассамблеяи генералӣ иброз намуда буданд, роҳандозӣ мешавад. Дар оянда чунин курсҳо барои намудҳои дигари варзиш низ ба нақша гирифта шудааст», — афзуд М. Абдуллозода.

Сипас ба иштирокчиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ тақдим карда шуд.

 

АКСҲО аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Июль 9, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад