ДОМОДУ АРӮС БО НИҚОБ. Тӯйҳои хонадоршавӣ дар Тоҷикистон дубора иҷозат дода шуданд
ДУШАНБЕ, 04.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба бемории коронавирус тадриҷан коҳиш меёбад. Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муддати аз 30 апрел то 3 июл шумораи гирифторони COVID-19 дар кишвар ба 6108 нафар расида, то имрӯз 4,762 нафар ё худ 77,9% гирифторон табобат ёфтаанд.
Беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ ба мақомот имкон дод, ки дар кишвар як қатор имтиёзҳоро ҷорӣ кунад.
Аз ҷумла, тӯйҳои хонадоршавӣ дубора иҷозат дода шуданд. Навхонадорон, метавонанд на зиёда аз 100 нафарро ба зиёфат даъват кунанд ва ҳатто тӯйро дар тарабхона ё қаҳвахона ҷашн гиранд. Дуруст аст, ки маҳдудият вуҷуд дорад: ба муассиса иҷозат дода шудааст, ки дар як рӯз танҳо як чунин чорабинӣ гузаронад. Пеш аз маросим, дастҳои домоду арӯс ва меҳмонони онҳоро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар мегардонанд.

Ҳама иштирокчиёни маросим, аз ҷумла домоду арӯс, инчунин мутахассисони шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ, ҳангоми дар толори САҲШ қарор доштан бояд ниқобҳои муҳофизатии тиббиро истифода баранд.
Дар сурати риоя накардани шартҳои зикршуда иштирокчиёни маросимро метавонанд ҷарима банданд.
Ва инчунин…
Аз нимаи моҳи июн бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 фаъолияти бахши хизматрасонӣ дар саросари ҷумҳурӣ барқарор карда шуд. Ҳоло сокинони Тоҷикистон озодона ба қаҳвахонаву тарабхонаҳо мераванд, дар боғҳо сайругашт менамоянд ва дар бозорҳо, аз ҷумла «Корвон», харид мекунанд.
Оҳиста-оҳиста ҳаёти варзишии Тоҷикистон низ ба тарзи маъмулӣ бармегардад. Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол дубора ( ҳарчанд ҳанӯз бидуни ҳузури тамошобинон) оғоз ёфт.
Ҳамзамон, дар кишвар як қатор маҳдудиятҳо ҳанӯз амал мекунанд.Аз ҷумла, сокинон то ҳол уҳдадоранд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшада, масофаи иҷтимоиро риоя намоянд. Маъракаҳои оммавӣ низ ҳоло ҳам манъ мебошанд.
Дар кӯчаҳои нуқтаҳои аҳолинишин мунтазам рейдҳо гузаронида мешаванд, ки зимни онҳо вайронкунандагони низоми ниқоб ошкор мегарданд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ протоколҳо тартиб дода, дар бораи коронавирус суҳбат мекунанд ва аҳамияти пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро шарҳ медиҳанд.
Илова бар ин …
Имрӯз, 4 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расониданд, ки ба пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум равона гардида, ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд, ҷавобгарӣ пешбинӣ менамояд.
Гап сари ҷазоҳои сахттар барои вайрон кардани меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ ва вайрон кардани қоидаҳои мубориза бар зидди эпидемия, ки метавонад боиси марги одамон гардад, меравад.
Акнун гунаҳгорон барои қасдан паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, ба маҳбас кашида, барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ тавассути ВАО дар бораи пандемия метавонанд ҷарима баста шаванд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






