Нусхаҳои дастхатҳои қадимию нодири мероси ниёгони тоҷик аз китобхонаҳои Ҳиндустон дастрас мегарданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои дастрас намудани нусхаҳои дастхатҳои қадимию нодири мероси ниёгони тоҷик, ки дар китобхонаҳои Ҳиндустон маҳфузанд, бояд тадбирҳои судманд андешида шаванд. Ин пешниҳод аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода 29 июл зимни вохӯрӣ бо Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх баён гардид.
Муҳаммадюсуф Имомзода иброз намуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда табодули таҷриба миёни донишҷўёну омўзгорон ва олимон дар самти омӯзиши ихтисосҳои тиббӣ, техникӣ ва технологӣ бештар ба роҳ монда шавад.
Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх зикр кард, ки маҳз ҳамкории судманд аст, ки дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон марказҳои омӯзишию фарҳангии ҳиндӣ таъсис дода шуда, ҷиҳати ҷалби донишҷўёни тоҷик ба таҳсил аз ҷониби Ҳиндустон ҳамасола бурсияҳо ҷудо карда мешаванд.
Зимни нишаст ҷонибҳо аз ҳамкории мутақобила дар соҳаи маориф ва илм ибрози андеша карда, зикр намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар самти табодули таҷриба миёни омӯзгорону олимон, ҷалби бештари донишҷўёни тоҷик ба курсҳои омӯзишию таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили конфронсу чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, ба роҳ мондани ҳамкории мустақилона байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду мамлакат бояд тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
«Ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва буду боши донишҷўёни ҳиндӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, миннатдорам»,- иброз дошт Сафири Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаи маориф дар доираи Барномаи табодул байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф аз 31 августи соли 2012 ва Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба татбиқи лоиҳаи «Озмоишгоҳи муосири техникии Ҳиндустон- Тоҷикистон» аз 25 январи соли 2010 ба роҳ монда шудааст.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






