Ғолибони даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон, ки 19 июл доир гардид, даври сергол ба қайд гирифта шуд. Дар панҷ бозӣ 49 гол зада шуд, ки ба як бозӣ 9,8 гол рост меояд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Аз панҷ бозӣ дар сетоаш ҳисоби калон ба қайд гирифта шуд. Дастаҳои футболи «Хатлон» бар дастаи «Панҷшер» бо ҳисоби 17:1, «Зебонисо» ба дастаи «Равшан» бо натиҷаи калони 18:0 ва «Зебо» бар дастаи «Чашма» бо ҳисоби 11:0 ғолиб омаданд
Дар бозиҳои дигари ин давр дастаи футболи «Барқ» бар дастаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, бозӣ миёни дастаҳои футболи «Бешкент» ва «Регар-ТадАЗ» бо натиҷаи мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт.
Ёдовар мешвем, ки 15 июл бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон баргузор гардида буданд. Бозии марказии давр миёни ду дастаи пешсаф –«Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Зебо»-и Дӯстӣ доир гашта, бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом ёфт.
Бозии дастаҳои мазкур хеле ҷолибу шавқовар сурат гирифт. Футболбозони шаҳри Бохтар баъд аз зарбаҳои нишонраси Сайрамҷон Холназарова ва Лайло Ҳалимова бо ҳисоби 2:0 пешсаф буданд, вале натавонистанд ғолиб оянд. Ду голи Меҳрангез Шарифова дастаи «Зебо»-и Дӯстиро аз бохт наҷот дод. Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Зебонисо»-и Душанбе бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 4:0, «Бешкент»-и Носири Хусрав бар «Панҷшер»-и Ҷалолиддин Балхӣ бо натиҷаи калон- 7:1, «Ҳосилот»-и Фархор бар «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ва «Барқ»-и шаҳри Норак бар «Чашма»-и Шаҳритус бо натиҷаи 2:1 ғалаба карданд.
Пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон дастаҳои футболи «Зебо» ва «Хатлон» бо 13-холӣ пешсафанд. Дар ҷои сеюм дастаи футболи «Зебонисо» бо 12 хол мавқеъ гирифтааст.
Дар даври шашум 22 июл ҷуфтҳои зерин бо ҳам вомехӯранд:
«Хатлон» – «Чашма»
«Ҳосилот» – «Зебо»
«Зебонисо» – «Барқ»
«Бешкент» – «Равшан»
«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






