Пагоҳ Вазорати нақлиёт, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Саридораи геология, Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
ДУШАНБЕ, 14.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 июл Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2020 нишасти матбуотӣ доир менамоянд.
Саридораи геология соати 09:00 дар толори маҷлисгоҳи Саридораи геология, Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11:00 дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 14:00 дар Вазорати мазкур ва Палатаи савдо ва саноат соати 15:30 дар Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотиро барпо менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» (хиёбони Рӯдакӣ, 40, ошёнаи 2, телефонҳои 221-34-24, 888-08-34-04) мувофиқа менамоянд.
Дар сомонаи АМИТ «Ховар» —www.khovar.tj ҳар рӯзи корӣ эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузоршавии нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.
Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус, ба диққати масъулин ва иштирокчиёни нишастҳои матбуотӣ расонида мешавад, ки талаботҳои беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19-ро қатъиян риоя намоянд.








Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?






