Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»
ДУШАНБЕ, 04.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода буданд, ки музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои