Барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 08.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандон мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳии он Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода ва сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров сухан гуфтанд.
Раиси Кумита Ориф Хоҷазода иброз намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда, барои тамрини ҷавонон ва омодагии варзишгарон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
«Аз соли 2019 баргузор шудани мусобиқаи варзишии шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» яке иқдомҳои муҳими варзишӣ буда, он барои ҷалби бештари қишрҳои гуногуни мамлакат ба варзиш мусоидат мекунад.
Кормандони Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ шурӯъ аз соли гузашта дар ин мусобиқа иштирок намуда, қобилияти худро нишон медиҳанд.
Сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Бозоров гуфт, ки ҳамасола 10 август дар ҷумҳурӣ Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад. Дар остонаи таҷлили ин сана ташкил гардидани мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» иқдоми шоиста мебошад.








Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд






