НИЁИШ. Доктор Ҳумайро Накҳат Дастгирзода аз олам даргузашт

Сентябрь 5, 2020 08:51

ДУШАНБЕ, 05.09.2020/АМИТ «Ховар»/.  Доктор Ҳумайро Накҳат Дастгирзода, шоир ва адабиётшиноси маъруфи Афғонистон, ки дар ҳиҷрат буд ва чанд соли охир аз бемории саратон ранҷ мебурд, ҷаҳонро падруд гуфт. Дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб дирӯз, 4-уми сентябр, дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар додааст.

Рустами Ваҳҳоб дар идома чунин нигоштааст: «Мавсуф дар Ҳамоиши ҷаҳонии шеъри ҳавзаи тамаддуни Наврӯз дар соли 2016 дар Душанбе ширкат дошт ва ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи ин ҳамоиш сафар карда, ашъори дилнишини худро барои мардум қироат намуд. Аз ин сафар ибрози шодмонӣ ва масаррати зиёд дошт. Ҳамеша бо идораи маҷалла ҳамкорӣ мекард ва хусусан ҳар сол барои вижаномаи наврӯзии маҷалла ашъори тозаи худро мефиристод».

Рустами Ваҳҳоб дар фарҷом бо овардани  як ғазали наврӯзии шодравон аз вижаномаи наврӯзии соли 2019-и  «Садои Шарқ» навиштааст: «Ёду хотири ӯро гиромӣ медорем ва барои пайвандону мухлисони ашъораш арзи тасалло менамоем».

 

 

НИЁИШ

Наврӯз, боғи хастаи моро баҳор деҳ,
Дар дастҳои яхзадааш обшор деҳ.

Дар лаҳзаҳои тирагии яъсҳои талх
Овезаҳои нур биёвезу нор деҳ.

Наврӯз, он нигоҳи ғамини парандаро
То интиҳои лаззати парвоз тор деҳ.

Дасти тамоми панҷараҳои шикастаро
Дар дасти боғи равшани уммедвор деҳ.

Наврӯз, ман хаёли туам, пур зи ошиқӣ,
Ишқам, маро ба боли насиму ғубор деҳ.

Бигзор бигзарад зи хами кӯча офтоб,
Ин чашмро чу оинаҳо эътибор деҳ.

Андӯҳи рӯзгори ба хушкӣ нишастаро
Аз синаҳо бичину ба боди шарор деҳ.

Инак, тулӯъи тоза, биёрой боргоҳ,
Наврӯз, сарзамини маро хону бор деҳ.

Сентябрь 5, 2020 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба вазъ ва дурнамои хизматрасонӣ ба истифодабарандагон дар китобхонаҳо ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Муъминобод шукуҳманд баргузор гардид
Имрӯз дар боғҳои пойтахт рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Варзоб ва Муъминобод баргузор мегарданд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Душанбе баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Имрӯз дар боғҳои Душанбе рӯзҳои фарҳанги ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод ва Нуробод баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 228 нафар хатм намуданд
«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Италия намоиши шоҳкорҳои беназири мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон доир мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Роғун, ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод ва Варзоб баргузор мегарданд
Роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ҳафриёти бостоншиносӣ дар ёдгории бостонии Сайёд шинос шуд