СУРАТ-ДАЛЕЛ. Мақбараи Рӯдакӣ

Сентябрь 22, 2020 08:29

ДУШАНБЕ, 22.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили  5500-солагии Саразм меҳмонони ин ҷашнвора аз ёдгориҳои дигари таърихию фарҳангии Панҷакенти бостонӣ – мақбараи Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯд,  мақбараи  Муҳаммади Башоро ва Хона-музеи устод Лоиқ Шералӣ дар деҳаи Мазори Шариф  низ дидан намуданд.

Мақбараи Рӯдакӣ дар оғӯши боғи сарсабзу дилкушо ҷойгир аст ва  ба он  аз равоқи аз хишти пухта ва дарвозаи аз чӯб бо услуби шарқӣ сохташуда ворид мешавед. Мақбара дар миёнҷои ин боғ, дар баландӣ қомат афрохтааст ва то ба он  ҷо шуморо зинаи дарози  мармарнин   мебарад.

Мақбара ба шакли бисёррӯя сохта шуда, бо гунбази нимкуравии бо тахтасанги кабуд руйпӯшгардида сарафроз гардидааст. Дар дохили мақбара ва дар маркази он зери дахма ва ё тобути мармарин қабри Устод Рӯдакӣ ҷойгир аст…

Соли 1040 академик Бобоҷон Ғафуров ва устод Садриддин Айнӣ  бар пояи  сарчашмаҳои хаттии таърихӣ ҷои гӯронида шудани Рӯдакиро маълум сохта буданд.  Танҳо бо гузашти  15 сол, аниқтараш соли 1955 қарори якҷояи КМ ПК ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон дар бораи ҷашни 1100-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ ба имзо расид. Бо иштироки олими машҳури антрополог Михаил Герасимов, адабиётшинос Раҷаб Амонов ва бостоншинос Виктор Ранов қабри Рӯдакӣ боз карда,    ҷасади ӯ берун оварда шуд. Ба Герасимов муяссар гардид, ки аз рӯи косахонаи сари майит  чеҳраи Рӯдакиро  барқарор намояд  ва нимтанаи биринҷии ӯро бисозад.

Баъд аз се соли дигар, 17 октябри соли 1958, бо қарори ЮНЕСКО  1100-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс дар саросари дунё ҷашн гирифта шуд ва дар зодгоҳи Одамушшуаро ва ҷое, ки шоир ба хок супорида шудааст, — дар деҳаи Панҷрӯд, тахминан 60 километр дуртар аз шаҳри Панҷакент, мақбараи Рӯдакӣ расман ифтитоҳ гардид…

Ва пас аз ним аср, соли 2008 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мамлакат 1150-солагии устод Рӯдакӣ таҷлил карда шуд…

…Агар боре ба шаҳри Шерози Эрон сафар карда  бошед, ҳатман ба машоматон бӯи гулҳои садбарг расидааст. Беваҷҳ Шерозро «шаҳри  гулу булбулон» намегӯянд: дар он Боғи ғарқи гул ва накҳатбори Мусалло ҷойгир аст ва дар оғуши ин боғи афсонавӣ ду шоири шаҳири тоҷику форс ва ду булбули Шарқ — Ҳофиз ва Саъдӣ мадфунанд,  ки рӯи қабрашон  ҳамеша гулафшон аст…

Вале вақте ба Панҷрӯд ворид мешавед, аллакай то мақбараи Рӯдакӣ, ки  дар домани қаторкӯҳҳои Зарафшон воқеъ гардидааст,  ба машоматон бӯи аҷибу гуворое мерасад ва рӯҳатонро болида мегардонад. Шояд ин накҳати ҳавои кӯҳистон, боғу майдонҳои сабз ва  рӯди шаффоф аст.

Вале, ба пиндори мо,  ин бӯи муҳаббат аст. Муҳаббати ҳамдиёронаш ба Рӯдакӣ, муҳаббати ҳаводорони шеър ба сурудаҳои ӯ.   Вале  пеш аз ҳама ва беш аз ҳама – муҳаббати саршори худи  Рӯдакӣ ба диёру  ҳамдиёронаш, ба кулли  инсонҳо, ки аз шеърҳояш бархоста ва дар фазои беканор печидааст…

Саидалӣ СИДДИҚ

 

Сентябрь 22, 2020 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид