Тоҷикистон ва Покистон аз сатҳи кунунии ҳамкории сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр дар Москва, дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ (ШВКХ СҲШ) Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мулоқот кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии ҳамкории сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карданд ва самтҳои ояндаи ҳамкориро дар соҳаҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Вазирон натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои кории муштаракро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки аз имконоти мавҷуда ҷиҳати афзоиши гардиши дуҷонибаи молу маҳсулот фаъолона истифода шавад.
Вазирони корҳои хориҷӣ ба масъалаи татбиқи саривақтии лоиҳаи CASA-1000 диққати махсус доданд.
Вазири корҳои хориҷии Покистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо 29-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар маросими расмии таҷлили 250-солагии истиқлоли Амрико иштирок намуд
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар дипломатия ҳамоиш доир шуд
Нишасти 5-уми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба мубориза бар зидди терроризм доир шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад
Иҷлосияи шастуми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд таҳти раёсати Тоҷикистон мегузарад
Дастовардҳои Тоҷикистон дар рушди сайёҳии экологӣ дар Боку муаррифӣ гардид
Тоҷикистон ҳамоҳангсози Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ интихоб гардид
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони ширкати нассоҷии швейтсарии Rieter AG мулоқот намуд
Сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид






