29 ОКТЯБР – РӮЗИ КУРУШИ КАБИР. Эъломияи ҳуқуқи башари ин қаҳрамони миллати мо дар илми ҳуқуқшиносии ҷаҳон беназир аст
ДУШАНБЕ, 29.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар ҷаҳон Рӯзи Куруши Кабир таҷлил мегардад. Ин сана мақоми расмӣ надорад ва як навъ ёдкарди солгарди дар моҳи октябри соли 539-и то милод аз ҷониби Куруши Кабир ишғол намудани Вавилон мебошад, пойтахти шохигарние, ки ҳудуди имрӯзаи Ироқ, Сурия, Лубнон ва Исроилро дарбар мегирифт. Сатанати Форс яке аз қадимтарин ва бузургтарин салтанатҳои дунё ба ҳисоб мерафт. Ва ин салтанатро Куруши Кабир ба вуҷуд оварда буд.
Вале шоҳ Куруши Кабир аслан на ҳамчун истилогар, балки чун муаллифи нахустин дар таърихи инсоният Эъломияи ҳуқуқи башар машҳури олам гардидааст.
Донистани таърихи миллат барои ҳар фарди соҳибшуур шарти ҳатмист, зеро он барои худмуайянкунии шахс дар муҳити гуногунфарҳангии ҷаҳон ҳамчун сипарест, ки ӯро аз фурӯ бурдан аз ҷониби фарҳангҳои ғайр эмин медорад.
Имрӯз ҳар миллат соҳиби қаҳрамонҳои худ буда, дар саҳифаҳои таърихиаш ҳатман давраеро дар ёд дорад, ки онро нишонаи олии ташаккули давлатдории миллиаш медонад. Россия давраи Пётри Кабир, Франсия Карли Бузург, Германия Фридрих Барбаросс ва дигар қаҳрамононашро фаромӯш накардааст, Италия аз давраи дурахшони императории Рим ёд мекунад, барои англисҳо давраи шаҳбону Елизавета азиз аст, мисриён аз замони фиръавнҳо ифтихор доранд, Чин аз Ши Хуан Ди-аввалин муттаҳидкунандаи кишвар хотироти нек дорад.
Аҷдоди тоҷикон низ аз замони зуҳур то имрӯз дар зинаҳои мухталифи ташаккулу раванди рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши муассир гузоштаанд. Фарзандони бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон қаҳрамонӣ нишон додаанд, ки мо имрӯз аз корнамоии эшон ҳарф мезанему ифтихор менамоем.
Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Карим КАРИМЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки 2500 сол пеш аз ин аҷдоди гузаштаи мо-шоҳ Куруши Кабир амали инсондӯстонае содир намуд, ки мислаш дар таърихи давлатдорӣ дида нашуда буд. Ӯ эълон кард, ки ҳар кас дар интихоби дин озод аст. Одамон метавонанд кадом мазҳаб ва динеро, ки ба он эътиқод доранд, қабул намоянд, инчунин барои худ касб интихоб намоянд, ба шарте, ки ҳуқуқи дигаронро поймол накунанд.
Ҳамаи яҳудиёнро аз асорат озод намуда, супориш дод, ки тамоми моли аз онҳо гирифташударо ба онҳо баргардонанд, барои онҳо ҳама чизи зарурӣ муҳайё сохта, онҳоро ба Замини муқаддас гусел намоянд.
Барои ин амали олиҳимматона Куруши Кабир дар Китоби Эзра, ки соли 460 то солшумории мо дар Байтулмуқаддас навишта шудааст, Нузули Масеҳ (Мессия) зикр мешавад. Бо ин сабаб Куруши Кабир дар Аҳди Қадим (Таврот) 23 маротиба зикр карда шуда, чандин маротиба дар назар дошта шудааст.
Ба нақли номбурда, «барои накӯкорию олиҳимматӣ дар Инҷил Куруш абадзинда эълон гардида, аз тарафи Худо ба ӯ дода шудани тахту тоҷи шоҳӣ зикр карда мешавад. Аз ин рӯ, яҳудиён дар тамоми давраи дуру дарози таърихӣ ба наслҳои Куруш ҳамчун ба дӯстон ва ҳимоятгарони худ аз истисморгарони селевидҳо ва римиҳо муносибат мекарданд. Дар Эъломия дарҷ гардидааст, ки ҳамаи аҳолӣ аз эътиқод ва одатҳои гузаштагони мо ифтихор ва қаноатмандӣ мекарданд. Ҳатто юнониҳо, ки душманони доимии форсҳо ба ҳисоб мерафтанд, Курушро «қонунгузор» меномиданд. Ӯро инчунин бо номи Куруш-адолатпарвар, Куруш-олиҳиммат, Куруш-фотеҳи тавоно, Куруш-подшоҳи ботаҳаммул ном мебурданд ва шахсе, ки дар дунёи қадим то ин дараҷа ба таҳсину офарини шоҳону императорон сазовор шуда бошад, чуноне ки Куруши Кабир сазовор шудааст, дигар вуҷуд надорад».
Муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Каримзода зикр кард, ки соли 1971 «Силиндри Куруш» аз ҷониби СММ аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих эълон карда шуд. Нусхаи Эъломия ба ҳамаи забонҳои расмии СММ тарҷума ва дар СММ маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «Гарчанде илми ҳуқуқшиносии мамолики Ғарб қонунҳои асосӣ ва қонунҳои ин кишварҳоро ҳамчун манбаи нахустини пайдоиш ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон мешуморад, вале миллати мо низ дар ҳалли ин масъала дар ҳошияи таърихи башар набудааст. Дар ин бобат ёдовар шудан аз Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, ки зиёда аз дувуним ҳазор сол қабл аз ин қабул гардида буд, кофист…».
Пас мо бояд аз фарзандони фарзонаи ин миллат сабақ гирем, худшиносу худогоҳ бошем, ҳувияти миллӣ дошта бошем, арзишҳои миллиро чун гавҳараи чашм ҳифз кунем ва тоҷик будан барои мо бояд мояи ифтихор гардад. Танҳо дар ҳамин ҳолат давлати мо метавонад умри абад дошта бошад ва мо дар он осуда зиндагӣ ва ҳаёт ба сар бурда метавонем.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»
ДАР АКСИ БОЛО: шоҳ Куруши Кабир. Акс аз Straniciistorii