СИТРУСПАРВАРӢ. Тоҷикистон дар оянда метавонад ҳар сол 18-20 ҳазор тонна лимӯ истеҳсол намояд

Октябрь 15, 2020 08:41

ДУШАНБЕ, 15.10.2020/АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси Барномаи «Рушди соҳаи боғпарварӣ барои солҳои  2016-2020»   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд 17 ҳазору 500 гектар боғҳои нав бунёд ва барқарор карда шаванд. Аз ҷумла, дар ин замина  ташкили 207 гектар   гармхонаҳои ситрусӣ  ба нақша гирифта шудааст.  Давоми чор соли охир  аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии мамлакат 48,4 гектар боғҳои ситрусӣ бунёд гардидаанд, ки 23,3 фоизи нақшаро ташкил медиҳанд. То охири соли равон ва дар  давраи ниҳолшинонӣ нақшаи барномаи мазкур пурра иҷро мегардад.

Тавре сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмад Кенҷаев иброз дошт, барои ривоҷи ситруспарварӣ замини зиёд лозим нест. Тоҷикистон дорои доманакӯҳҳо, талу теппаҳои васеъ буда, онҳо барои парвариши дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла ситрусӣ мувофиқ мебошанд. Дар ин гуна мавзеъҳо метавон парвариши меваҳои субтропикӣ низ ба роҳ монд.

Узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов вобаста ба парвариш ва рушди самараноки боғҳои ситрусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат  бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки  «боғдорӣ шуғли асосии тоҷикон ба шумор меравад. Идомаи корҳои боғдории ниёгони хешро ҳоло дар парвариши растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақ рӯёнидани онҳо мебинем, ки солҳои 30-юми асри гузашта олимони Тоҷикистон ба он асос гузошта буданд. Баъдан ин усули парвариши растаниҳои ситрусӣ дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ривоҷ ёфт. Олимони тоҷик бунёдгузори усули дар хандақҳо парвариш кардани растаниҳои ситрусӣ дар Осиёи Марказӣ мебошанд».

«Мо бояд аз захираҳои беҳамто, иқлим, хоку об ва неруи пуриқтидори истеҳсолии мамлакатамон ба таври зарурӣ  истифода барем. Дар истеҳсолоти кишоварзии имрӯза яке аз чунин соҳаҳои сердаромади кишоварзӣ- ин ситруспарварӣ ба ҳисоб меравад. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ  дар ҳолати таъмин кардани технологияи зарурии парвариш буттаи лимӯ қобилияти баланд дорад. Сифати лимӯи Тоҷикистон дар манотиқи собиқ Шӯравӣ ва берун аз он ба худ ҳамто надорад. Бо ин мақсад, пеш аз ҳама, бояд шароити истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулот дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бо назардошти имконоти моддию маънавӣ ва хоҷагидорӣ муайян карда шавад. Зарур аст, ки дар шароити ҳозира  даромад аз ҳаҷми маҳсулоти умумиро аз ҳар гектар замин баланд бардошта, роҳи рушди истеҳсолоти кишоварзиро таъмин намоем. Дар ин ҷода метавон ба афзун гардонидани меваҳои ситрусӣ такя кард. Барои амалӣ гаштани ин корҳо дар ҷумҳурӣ имкону шароити зарурӣ мавҷуд аст»,-афзуд номбурда.

Ҳамсуҳбати мо ҳамчунин  таъкид намуд, ки «водии Вахш, мавзеъҳои поёноби дарёи Кофарниҳон, водии Ҳисор, вилояти Суғд ва  ноҳияи Дарвози ВМКБ барои амалӣ гаштани ин корҳои муҳим хеле мувофиқ мебошанд. Дар водии Вахш ҳазорҳо гектар замини талу теппаро метавон барои зиёд кардани истеҳсоли меваҳои субтропикӣ (хурмо, анор, бодом, анҷир) истифода бурд, ки дар байни онҳо ҷойи намоёнро ситруспарварӣ бояд ишғол намояд. Ба чунин минтақаҳо ҳамчунин водиҳои Данғараю Ёвонро низ дохил намудан зарур аст».

Дар бораи ривоҷ додани ситруспарварӣ дар  Тоҷикистон ҳанӯз солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қарорҳои дахлдор қабул шуда буданд. Аммо аксари ин қарорҳо амалӣ нагаштанд. Ҳол он ки ситруспарварӣ метавонад ба пешрафти соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ мусоидат кунад. Аз ҷониби дигар, ситруспарварӣ, хусусан парвариши лимӯ имкон медиҳад, ки нисбат ба пахтакорӣ даромади бештар ба даст оварда шавад. Дар сурати хуб ба роҳ мондани ситруспарварӣ ва маблағгузории мақсаднок ба соҳа даромади софи зиёд ба даст меояд. Аз тарафи дигар, метавон бо ин роҳ иқтисодиёти кишоварзии водиҳо, алалхусус водиҳои шароиташон барои боғдории субтропикию ситруспарварӣ мувофиқро ривоҷ дод.

Мавсуф иброз намуд, ки лимӯпарварӣ нисбат ба парвариши дигар зироат, бахусус боғу токпарварӣ заҳматталаб мебошад.

Аз ин лиҳоз дар он минтақаҳое, ки қувваи корӣ ва шароити хуби хоки иқлимӣ доранд, ривоҷ додани ситруспарварӣ айни муддаост. Манфиатнокӣ ва дорои ҳосилнокии баланд будани лимӯзор дар шароити ҷумҳурии мо аҳамияти калони истеҳсолию иқтисодӣ дорад. Соҳа имкон медиҳад, ки аз қитъаи ками замин ҳарчи зиёдтар даромад ба даст оварда шавад. Бо ин мақсад метавон дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 6-7 ҳазор гектар замин ҷудо кард.

Бо дарназардошти заҳматталаб будан ва маблағгузории калон талаб кардани соҳа қабули барномаи мақсадноки рушди соҳаи ситруспарварӣ барои 10 соли наздик бо бунёди ҳамасолаи на кам аз 100 гектар лимӯхона ҷавобгӯи рушди соҳа мебошад. Аз тарафи дигар, баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ба 2-25 тонна аз як гектар дар маҷмӯъ имкони парвариши 10-12 ҳазор тонна ҳосили лимӯро фароҳам меоварад. Бо ба истифода додани майдонҳои нави лимӯхона ва баланд бардоштани ҳосилнокии дарахти лимӯ Тоҷикистон дар оянда метавонад ҳар сол 18-20 ҳазор тонна ин намуд мева истеҳсол намояд.

Саидалӣ Гулов иброз намуд, ки лимӯ растании ба хунукии сахт тобовор нест. Бинобар ин онро дар шароити иқлими ҷумҳурӣ дар лимӯхонаҳои гуногун парвариш менамоянд. Дуруст ба роҳ мондани лимӯпарварӣ имкон медиҳад, ки на фақат талаботи аҳолӣ ба ин меваи серғизо таъмин карда шавад, балки он ҳамчун зироати серталабот ба хориҷи мамлакат низ содир карда шавад. Дар ин самт лимӯпарварӣ метавонад ба яке аз соҳаҳои афзалятнок табдил ёбад. Тадқиқоти солҳои охир нишон дод, ки ин меваро дар ҷумҳурӣ дар лимӯхонаҳои рӯизаминии  нимхандақӣ низ парвариш кардан имкон дорад. Хусусан барои ин кор шароити иқлими водии Вахш, Ҳисор, ноҳияҳои Данғара ва Ёвон мувофиқ аст. Чунин тарзи лимӯпарварӣ шароит фароҳам меорад, ки захираҳои меҳнатӣ самаранок истифода гарданд ва даромаднокию сатҳи зиндагии мардум баланд гардад.

Дар бораи хосиятҳои шифобахшии лимӯ, ки сарчашмаи витамини «С» мебошад, олимон зиёд навишта, ҳамчунин ҷавҳари лимӯ ва намакҳои маъдании онро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Маҳз бо ҳамин мева табобат кардани бемориҳои рӯда, гулӯдард, гулӯзиндонак, зардпарвин, хуншорӣ, фишорбаландии хун ва ғайраҳо аз хусусиятҳои он ба ҳисоб мераванд. Лимӯ хосияти зуд ба ҳам овардани захм ва пайванди усухонҳоро дорад. Дар таркиби меваҳои ситрусӣ ба миқдори зиёд фитонсидҳо мавҷуданд, ки бактерияҳои зарароварро маҳв месозанд.

Аз меваҳои ситрусӣ дар саноати хӯрокворӣ маводи гуногуни истеъмолӣ истеҳсол менамоянд. Ба онҳо нӯшоба, ширавор, мураббо, шарбатҳои гуногун, маҳсулоти қаннодӣ, аз ҷумла мармелад ва ғайраҳо дохил мешаванд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ “Ховар”

Октябрь 15, 2020 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими муаррифии тафсири Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар МОИ «Суғд» истеҳсоли зарфҳои коғазии бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба роҳ монда мешавад
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Роҳбари навтаъйини Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайнӣ — «Made in Tajikistan 2020» доир мегардад
Соҳаи сайёҳӣ дар давраи пандемияи COVID-19
Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Темурмалик шинос шуданд
Вазорати молия: Ба 390 ҳазору 251 оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина расонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон шинос шуд
Дар Тоҷикистон нақшаҳои генералии таҷдиди 90% шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳо тасдиқ карда шуданд
Барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар Тоҷикистон 12 миллион доллар маблағгузорӣ мегардад
REGNUM: Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон афзоиш ёфт
Дар Панҷакент теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ меафзояд