Вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҷаласаи 5-уми вазирони кишварҳои узви СҲШ оид ба соҳаи кишоварзӣ иштирок намуд

Октябрь 22, 2020 15:01

ДУШАНБЕ, 22.10.2020 /АМИТ  «Ховар»/. 21 октябр ҷаласаи 5-уми вазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба соҳаи кишоварзӣ тариқи онлайн доир  гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Салимзода иштирок намуд.

Тавре аз  Вазорати кишоварзии мамлакат ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар ҷаласаи мазкур вазири кишоварзии Федератсияи Россия, вазири кишоварзӣ ва некӯаҳволии деҳқонони Ҷумҳурии Ҳиндустон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин, вазири кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва мелиоратсияи Ҷумҳурии Қирғизистон,  вазири амнияти миллии озуқаворӣ ва таҳқиқоти Ҷумҳурии Исломии Покистон, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муовини дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Шералӣ Сайдамир, муовини директори генералии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) — Намояндаи минтақавии ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Владимир Олегович Рахманин иштирок намуданд.

Дар  ҷаласа доир ба таъсири пандемияи коронавируси Covid-19 ба соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли хӯрокворӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин робита аз ҷониби вазирон оид ба соҳаҳои умедбахши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар платформаи СҲШ пешниҳодҳо  манзур шуд.

Бо дарназардошти Оинномаи СҲШ соли 2002, Созишномаи байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар соли 2010 ва дигар ҳуҷҷатҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд.

Дар охир сарони ҳайатҳо нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2021-2025 тасдиқ намуданд, ки он дар бораи иҷрои Созишнома байни ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Октябрь 22, 2020 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад