Бахшида ба Рӯзи Президент дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Наврӯз Қурбонзода хабар дод.
Муовини роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Каримзода вобаста ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карда, онҳоро барои халқи тоҷик санаи муқаддас арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки шурӯъ аз 16 ноябри соли 1994, ки аввалин бор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда буданд, тибқи Конститутсия давлати соҳибихтиёри мо ба шакли идоракунии президентӣ гузашт.
Ба ин хотир ҳамасола дар мамлакат 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад, ки асосҳои худро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ёфтааст.
Дар таърихи давлатдории давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷастае вомехӯранд, ки дар марҳалаи барои кишварашон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намудаанд.
Дар Тоҷикистон маҳз Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалҳои неку хирадмандонаашон мардуми парешонро дар атрофи худ муттаҳид намуда, бо қадамҳои устувор ба рушду суботи минбаъда ҳидоят карданд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нарзулло Маҳмудов, Нурулло Қурбонализода ва Парвиз Шамолов вобаста ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.








Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






