Дар ҷаҳон дар як шабонарӯз зиёда аз 502 ҳазор нафар мубталои коронавирус шудаанд

Ноябрь 30, 2020 12:05

ДУШАНБЕ, 30.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҷаҳон аллакай зиёда аз 63,07 миллион беморони гирифтори коронавируси нав ба ҳисоб гирифта шудаанд. Дар як шабонарӯз шумораи онҳо беш аз 502 ҳазор афзоиш ёфт.Чунин маълумотро имрӯз Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ СУТ) интишор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

30 ноябр ба СУТ дар бораи 63.072.457 рӯйдоди сироятёбӣ ва 1.465.181 ҳолати фавт маълумот ворид гардид. Шумораи шахсони сироятёфта то 502,335 нафар, ҷонбохтагон то 7299 нафар зиёд шуд.

Аксари ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар ИМА сабт шудаанд — 13 750 404 нафар. Пас аз он Ҳиндустон (9 432 075), Бразилия (6 314 740), Россия (2 269 316), Франсия (2 218 483), Испания (1 646 192), Британияи Кабир (1 617 327), Италия (1 585 178), Аргентина (1 418 807), Колумбия (1 308 376), Мексика (1 107 071) ва Германия (1 055 607) меоянд.

Тавре АМИТ «Ховар» шоми дирӯз бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон 37 ҳолати нави сирояти COVID-19 ошкор карда шуд ва  шумораи умумии гирифторон ба коронавируси нав дар давраи аз 30 апрел то 29 ноябр ба 12155 нафар расид. Дар як шабонарӯз 41 нафар пас аз табобат рухсат шуданд, аз оғози пандемия 11559 нафар ва ё 95,1% -и сироятёфтагон аз ин беморӣ шифо ёфтаанд. Дар айни замон 86 нафар ба асари COVID-19 ҷон бохтаанд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 30, 2020 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон