ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Дар маҳаллаи Аҳрор Мухтори ноҳияи Сомонии пойтахт 50 адад ниҳоли санавбар шинонида шуд

Ноябрь 29, 2020 09:04

ДУШАНБЕ, 29.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи ба номи Аҳрор Мухтори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  маъракаи тозагӣ ва ниҳолшинонӣ баргузор шуд, ки дар доираи он 50 адад ниҳоли навъи  ҳамешасабзи санавбар  шинонида шуд.

Тавре аз Кумитаи рушди маҳал ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарон ва кормандони  Кумита, инчунин  сокинони шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба «шаҳри сабз» табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум садо дод,  ҳамчун пешниҳоди ҷолиб дар таъмини муҳити тозаи экологӣ миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овард.

Ноябрь 29, 2020 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд