ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Ҳисор қариб 1000 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуданд

Ноябрь 27, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави омодагӣ ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабзу хуррам гардонидани маҳали зист дар шаҳри Ҳисор мавсими  сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ оғоз ёфта, бо суръат идома дорад. Дар ҷараёни он қариб 1000 бех  дарахтони ҳамешасабз ва  сояафкан шинонида шуданд.

Дар маъракаи сабзазоркунӣ ва ниҳолшинонӣ, ки ба сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф мусоидат менамояд,  кормандони мақомоти шаҳрӣ, аз қабили кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур-ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр мебошад.

Ноябрь 27, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд