ГЕНЕРАЛ ҶӮРАХОНЗОДА. Ба Рӯзи милитсияи тоҷик бахшида мешавад

Ноябрь 10, 2020 15:39

ДУШАНБЕ, 10.11.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз – Рӯзи милитсияи тоҷик аст. Дар зер очерки мухтасарро роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз кормандони пешқадами ин соҳа, раиси Шӯрои собиқадорони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия  Саид Ҷурахонзода пешниҳоди хонандагон менамоем.

Ин генералро ман солҳои зиёд мешиносам. На танҳо ман, балки бисёриҳо дар кӯча бо ӯ рӯ ба рӯ омада, бо чеҳраи шукуфон саломаш медиҳанд. Ӯ мисли генерал Максимус (қаҳрамони асари Р. Скот «Гладиатор»)  ба иҷрои вазифаи касбии худ бисёр ҷиддӣ муносибат мекунад, ба   одамони нек хайрхоҳ аст ва  дӯстонро бо баҳои ҷонаш мехарад.

Саид Ҷурахонзода  ҳанӯз аз овони кӯдакӣ қобилияту истеъдоди ниҳоят баланд доштааст ва устодон дар таълиму тадриси ӯ то ҷое ҳатто оҷиз мемондаанд: рӯҳияи озодихоҳӣ, шавқу рағбати беандоза ба илму дониш ва ҳиссиёти инсонпарваронаи ин генерали мардумӣ  аз овони наврасию ҷавониаш ба ҳама маълум будааст.

Ӯ як марди оқилу хирадманд, бомаърифат ва  адолатпеша аст ва чун чеҳраи барҷастаи намояндаи халқ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ном баровардааст. Дар симои ӯ ҳамчун корманди милиса ахлоқу одоби баланд, маърифат, хидмати босазо ба халқ, озодии шахсият ва дӯстию бародарӣ тарғиб мешавад. Ҳамаи хизматҳо ва фаъолияти бевоситаи ӯ дар милиса аҳамияти назарӣ ва амалӣ доранд.

Аз ҳама муҳимаш, генерал Саид Ҷурахонзода муҳтоҷи муаррифӣ ва ситоиш нест. Ӯ  кайҳо  бо донишу малака ва маҳорати касбӣ, бо хулқу атвори нек дар миёни ҳамкоронаш обюрӯю эътибори баланд пайдо кардааст. Ва ин ҳамаро  ҳамаро бо меҳнати ҳалол ва, чуноне мегӯянд — бо арақи ҷабин ёфтааст. Саид Ҷӯрахонзода аз корманди одии оперативӣ то ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  расидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни суханрониҳояшон ба муносибати  Рӯзи милитсияи тоҷик аз шуҷоъату мардонагии ана ҳамин гуна  афсарони шуҷои тоҷик ба мисли Саид Ҷурахонзода ва садҳо нафар кормандони дигари содиқи мақомоти корҳои дохилӣ, ки барои таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа фидокорӣ ва ҷоннисорӣ кардаанд, ёдовар шуда, таъкид  менамоянд, ки онҳо «дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талошҳои зиёд намудааанд».

Пушида нест, ки дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Генерал Саид Ҷурахонзода ҳангоми муовини Вазири корҳои дохилии кишвар буданаш дар марҳалаҳои амалисозии ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ нақши муассир гузошта, дар қатори дигар пешоҳаногони соҳа  милитсияи тоҷикро ба мақомоти дорои нуфузу эътибори хоса ва мактаби  бузурги ба камол расонидани муҳофизони тартиботи ҷамъиятӣ табдил додаст.

Имрӯз мақомоти милитсияи кишварамон бо ин генерал ифтихор  мекунад. Донишҷуёни Академияи вазорати корҳои дохилии  Тоҷикистон аз ҳаёт ва фаъолияти ин абармарди миллат сабақи зиндагӣ, садоқат ба Ватан ва муҳаббати зиндагиро меомӯзанд.

Соли 2015 Вазири корҳои дохилӣ  Рамазон Раҳимзода   дар ҳузури сардорони раёсат ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ собиқ сардори РВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзодаро    ба муносибати ба нафақа баромаданаш табрик намуда, аз хизматҳои шоистаи ӯ дар мақомоти корҳои дохилӣ ва саҳми арзандааш   дар тарбияи кадрҳои ҷавон ёдовар шуд.

Вазири корҳои дохилӣ барои фаъолияти пурмаҳсул ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба    Саид Ҷурахонзода  изҳори миннатдорӣ карда, чунин  зикр намуд: «Боиси ифтихор аст, ки  тӯли солҳои зиёд ин марди наҷиб бо иродаи қавӣ дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ бе нуқсон, бо эҳсоси масъулияти баланди касбӣ,  бо ҷасорат ва муҳаббату садоқат ба Ватан  фаъолият намудааст.   Боварӣ дорем, ки  мавсуф минбаъд низ ҳамчун собиқадори ботаҷриба бо мақомоти милитсия дар иртиботу ҳамкорӣ, ҷиҳати тарбияву омодасозии кадрҳои ҷавон саҳми бевоситаи худро мерасонад».

Сардори раёсатҳои ВКД низ доир ба фаъолияти пурмаҳсул ва хизматҳои шоёни Саид Ҷурахонзода дар самтҳои гуногуни мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки ҳисси масъулиятшиносӣ ва лаёқату кордонии мавсуф ибратбахши насли ҷавони милитсия мебошад.

Дар маросими тантанавӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода Сипосномаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  тақдим намуд.

Дар навбати худ Ҷурахонзода Саид Қаюм изҳор намуд, ки ҳамеша омодааст  барои халқу Ватан хизмат намояд.

Роҳбарнияти  Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба   генерал-миайор Ҷӯрахонзода бовар карда, ӯро ба вазифаи раиси  Шӯрои  собиқадорони вазорат таъин кардааст. Ин хеле вазифаи пурмасъулият ва пуршараф аст. Зеро ба ӯ лозим меояд, ки ҷиҳати қавӣ гардонидани эътимоди шаҳрвандон ва густариши ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ мусоидат намуда, дар самти таъмини адолати иҷтимоӣ, тарбияи ҳуқуқиву ахлоқии ҷомеа ва ҳимояи сулҳу субот дар кишвар нақши муҳим бозад,  даҳҳо ва садҳо нафар  кадрҳои ҷавони милитсияро бо роҳи рост ва созандагӣ ҳидоят карда тавонад.

Генерал Саид Ҷурахонзода дар барқарор намудани сохти конститутсионии мамлакатамон саҳми арзанда гузоштааст. Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои ин гуна фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Фаъолияти кории Саид Ҷурахонзода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ қадрдонӣ  шудааст.

«Ман Саид Ҷурахонзодаро хуб мешиносам, — мегӯяд генерал-майори милитсия, собиқ вакили Маҷлиси намояндагон Анвар Тағоймуродов.   — Ӯро метавон дар қатори садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷони худро ҳеҷ гоҳ дареғ намедоранд».

Хеле хуш аст, ки имрӯз мо аз хизматҳои шоистаи шахсиятҳои арзанда ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар мешавем.  Зеро  онҳо солҳои тӯлонӣ ба халқу Ватани хеш садоқатмандона хизмат карда, дар ташаккул ва рушди ин сохтори муҳими давлатӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон  ҳиссаи басазо гузоштаанд.

«Мо бояд ҳарчи бештар хизматҳои арзандаи генерал- майори милитсия Саид Ҷурахонзодаро барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди милливу ватандорӣ ва ифтихор аз давлати соҳибистиқлол истифода барем, — зикр менамояд дар идомаи суҳбат Анвар Тағоймуродов.  Ба андешаи ӯ, мардум дарҳақиқат ба фаъолияти кормандони Вазорати корҳои дохилӣ  аз рӯи масъулиятшиносӣ ва фаъолияти беолоиши кормандони алоҳидаи он   дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ баҳо медиҳанд.

«Ёд дорам солҳои аввали ташакулёбии милитсияи тоҷик кор хеле мушкилу мураккаб буд. Лавозимоти зарурии техникӣ намерасид. Кадрҳои баландихтисоси соҳа кам буданд. Мо ҳамроҳи генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода аз солҳои аввали барқарорсозии милитсияи тоҷик ҳамсафу ҳамрадифем. Рӯзҳои буд, ки як бурда нони қоқро дар утоқи кориамон ба об тар карда, якҷоя мехӯрдем. Ин шахсият барои ман хеле азизу гиромӣ аст ва ман ҳамеша эҳтироми он касро пос медорам,  — гуфт дар  фарҷоми суҳбат  генерал-майори милитсия Анвар Тағоймуродов.

Хурсандиовар аст, ки фарзандони генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода касби падарро интихоб намуда, дар роҳи хизмат ба халқу Ватан  намунаи ибрат нишон медиҳанд. Эраҷ ва Оятулло Ҷурахонзодаҳо имрӯз дар сохтори вазорати корҳои дохилии кишварамон кор карда, номбардори номи неки падаранд.

«Ҳамасола дар сатҳи баланд таҷлил гардидани Рӯзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, — мегӯяд Саид Ҷурахонзода, — шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин ниҳоди муҳимми давлатӣ буда, ҳар яки мо кормандони милитсияро водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоем. Зеро мардум дар симои мо кормандони милитсия намояндаи давлатро мебинад ва ба мо бо умеди ҳалли мушкилоти худ муроҷиат менамояд».

Барои ин, ба андешаи ӯ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, пеш аз ҳама, бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд.

«Ватан — Модар  барои мо, кормандони милитсия,-мегӯяд Саид Ҷурахонзода, —  дар ҳамаи давру замонҳо муқаддастарин арзиш маҳсуб меёбад. Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва содиқона нигоҳубин ва посбонӣ кардани ҳар ваҷаб марзи он дар асли хеш хизмат кардан ба Ватан аст. Бинобар ин, аз афсарони баландрутбаи милитсия сар карда, то аскарони қаторӣ бояд ҳамеша зираку ҳушёр ва сипари боэътимоди давлату миллати худ бошанд.
Дар сафҳои милитсияи имрӯза хизмат кардан барои ҳар як ҷавон бояд мактаби воқеии ҳаёт бошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад».
Вазифаи асосии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,- мегӯяд  ӯ,  —  дар баробари назорат инчунин пешгирӣ кардани ҷиноят ва мусоидат намудан ба болоравии сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа мебошад.

Дар идомаи суҳбат Саид Ҷӯрахонзода чунин иброз дошт:

«Аз ҳама муҳимаш, имрӯз сарварии милитсияро шахсе ба ӯҳда дорад, ки худаш дорои касбияти баланд мебошад.  Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун гавҳаршинос Раҳимзода Рамазон Ҳамро — генерал-полковники милитсияро ба ин вазифаи  давлатӣ лоиқ донистааст, ки ин ифтихори ҳамаи мо, кормандони милитсия мебошад. Сарвари ВКД ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан мебошад. Ӯ муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ мебошад.

Мо ҳамроҳи вазири ҳозираи корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро,   ин марди шарифу некуном дар як вақт, солҳои 2010-2014, якҷо кор кардаем, манн муовини ӯ будам.   Ҳамчун шахсият бисёр одами  хоксору ботамкин аст. Ба ҳамаи самтҳои корӣ хайати шахсиро сафарбар карда метавонад. Варзишгари хуб ҳам аст. Қариб тамоми кормандони милитсия медонанд, ки вазирамон мухлиси ашадии футбол  мебошад ва худаш футболбозиро хеле дуст мелорад…».

***

… Дар интиҳо дар симои генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилиро бо иди  касбиашон табрику муборакбод гуфта, дар  роҳи  хизмати бошарафу пурмасъулият ба нафъи давлат, Ватан ва халқи Тоҷикистон ба ҳар яки онҳо саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоем.

                                                   Муҳамадато СУЛТОНОВ,
                                     мудири Шӯъбаи матбуоти Дастгоҳи
                                     Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Ноябрь 10, 2020 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»