Дар Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ ва орду равған баргузор мегардад

Декабрь 29, 2020 10:09

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  29-30 декабр дар назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бахшида ба  фарорасии Соли нави мелодии 2021 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ ва орду равған баргузор мегардад. Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбат ба  нархҳои бозор то 30 % арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ мебошад.

Чунин ярмаркаҳо мунтазам дар шаҳри Хуҷанд ташкил шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти ниёзи аввалро  нисбат ба бозор  арзонтар дастрас намоянд. Ҳадаф таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ ва инчунин ғанӣ гардонидани хони солинавии сокинони шаҳр мебошад.

Декабрь 29, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст