Сокинони ноҳияи Дарвоз туҳфаи Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон»-ро дастрас намуданд

Декабрь 23, 2020 08:56

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз оғози  моҳи декабр тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Дар ҳамин замина, аз ҷониби гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурали Собирзода ба ҳар хонаводаи ноҳияи Дарвоз низ  китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  иттилоъ доданд, Нуралӣ Собирзода ба манзилҳои истиқоматии як зумра  собиқадорони меҳнат  ва сокинони ноҳия, аз ҷумла собиқадори соҳаи тандурустӣ Исроил Қаноатов, собиқадори меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ  Ҳайдаршо Акбаров, собиқадори меҳнат, профессор Амиршо Маҳрамов ва сокини ҷамоати деҳоти Қалъаихумб Сурайё Шоева рафта, онҳоро аёдат намуда,  ин туҳфаи Пешвои миллатро  тақдим кард.

Зимни  тақдими туҳфаи Пешвои миллат  — китоби «Тоҷикон» намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ширкат намуданд.

Ҳамчунин гурӯҳи корӣ  бо мардуми ноҳия вобаста ба истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, сарфаи неруи барқ, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи илму ҳунаромӯзӣ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, фарҳангпарварӣ, ободкориву созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрам суҳбату вохӯриҳо  анҷом дод.

Декабрь 23, 2020 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд