САРФАКОРӢ — НИЗОМИ ЗИНДАГӢ. Муҳандиси барқ Аслиддин Назарзода манфиати сарфакорӣ дар истифодаи барқ ва роҳҳои ноил шудан ба онро шарҳ медиҳад

Январь 8, 2021 16:01

ДУШАНБЕ, 08.01.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро меандешад, то зимистони имсол мардум бе барқ намонад. Барои ин аз ҳар сантиметр оби захираи обанбор самаранок истифода бурда мешавад. Дар айни замон дар анбори Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе зиёда аз як миллион тонна ангишт захира карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабри соли гузашта дар машварати корӣ бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони ноҳияҳои пойтахт, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо дар қатори дигар масъалаҳо супориш доданд, ки дар ҳар шаҳру ноҳия бобати ҷоннок намудани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ намудани исрофкорӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шаванд. Дар  ҷаласа таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои обии мамлакат дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ намудани исрофкории онро риоя намоянд.

Бо ин мақсад ҳоло дар саросари мамлакат  зиёда аз 260 гурӯҳи корӣ ташкил дода шудаанд. Роҳбарону мутахассисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони макомоти қудратӣ, аҳли зиё ва намояндагони воситаҳои ахбори омма бо энергетикҳо паҳлу ба паҳлу истода, ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқро ошкор намуда, талафи беҳуда ва исрофкории барқро пешгирӣ менамоянд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

“Сарфакорона истифода бурдани барқ, умуман риояи фарҳанги сарфакорӣ, ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”,-гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ “Ховар” раиси Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, муҳандиси барқ Аслиддин НАЗАРЗОДА.

Андешаҳои пурраи мавсуф дар зер манзури хонандагони сомона гардонида мешаванд.

12 сол муқаддам, ҳанӯз 15 апрели соли 2009 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфта буд: «Мо бояд ба маданияти истифодабарӣ ва сарфакории неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо, чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».

Дар фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз 25 апрели соли 2009 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, вазорату корхонаҳо, аз ҷумла ШСХК «Барқи Тоҷик» дастур дода мешавад, ки бобати сарфакорона истифода бурдани барқ корҳои фаҳмондадиҳиро равнақу ривоҷ диҳанд.

Дастуру нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати мувофиқи захираву имконияти кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ бо вазъи имрӯзаи на танҳо давлати мо, балки ҷаҳони муосир, ки бо буҳрони молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯст, мувофиқ меояд. Алалхусус, масъалаи ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои тафсандаи волфрамӣ.

Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври зайл омада буд: «Имрӯз дар кишвар муштариёни маишии қувваи барқ зиёда аз як миллион оиларо ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар ҳар як хоҷагӣ ба ҳисоби миёна 8 адад лампаҳои имрӯзаи иқтидори умумиашон 800-ваттаро давоми як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 12-соатӣ истифода намояд, он гоҳ давоми сол масрафи умумии аҳолӣ дар маҷмӯъ 3 миллиарду 620 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад. Дар сурати истифода намудани 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион киловатт-соат баробар мешавад. Яъне, бо ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои ҳозира сарфаи неруи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар ба 3 миллиарду 120 миллион киловатт-соат баробар мешавад, ки он ба ҳаҷми истеҳсолии неругоҳи барқи иқтидораш 810 мегаватт баробар аст». Барои муқоиса: Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ 600 мегаватт ва Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 670 мегаватт иқтидори истеҳсолӣ доранд.

Он вақт таҳти ин дастуру супоришҳо мамлакати мо аз байни  давлатҳои собиқи Иттиҳоди Шуравӣ аввалин шуда, ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузашт. Аниқ аст, ки ин тадбир имконият дод дар зимистони  солҳои 2009-2010, ки мо барои аз хориҷа ворид намудани барқ эҳтиёҷ доштем, вале ин воридот аз байн рафта буд, аз зулмот раҳо шавем.

Барои пешгирии исрофи беҳуда ва ғайриқонунӣ истифода бурдани барқ дар сатҳи баландтарини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд. Мутобиқи супориши банди 20-и протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2019 як қатор ниҳодҳои муҳими ҳукуматӣ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, дигар вазорату идораҳо ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастур гирифта буданд, ки муроҷиат ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи сарфаю сариштакоронаи барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи истифодаи барқ ба таври судманд ва оммафаҳм ба роҳ монанд. Ба низоми энергетикии мамлакат дастур дода шудааст, ки интиқоли барқро ба ташкилоту корхонаҳои қарздор баъди огоҳии пешакӣ, дар асоси қонунгузориҳои ҷорӣ қатъ намоянд.

Дар ҷаласаи дар боло зикргардидаи кории 15 декабри соли 2020 инчунин зикр гардида буд, ки «ҳарчанд захираи об басанда аст, дар сурати истифодаи исрофкоронаи неруи барқ бори дигар зарурати ҷорӣ кардани маҳдудияти интиқоли барқ пеш меояд». Тавре аз маълумоти истеҳсол ва истифодаи неруи барқ бармеояд, ин тадбир натиҷаҳои худро аллакай дода истодааст. Агар тадбирҳои таъкид ва оммафаҳмонии истифодаи барқ роҳандозӣ намегардиданд, дар моҳи декабри соли 2020, ки нисбат ба соли гузашта хеле хунук омад, захираҳои энергетикии мо, аз ҷумла захираи оби обанбор бамаротиб зиёд хароҷот мегаштанд. Ҳоло сар то сари кишвар ташаббуси риоя шудани низоми сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ҳамовозӣ пайдо намуда, рӯз то рӯз бештар ба зиндагӣ ва кору рӯзгори мо ворид мегардад. Дар зиндагӣ ва кору рӯзгори ҷомеа ворид шудани ин одат, албатта, фарҳанги истифода бурдани неруи барқро тақвият бахшида, ба буҷети ҳар оила ва барои тамоми кишвар манфиати калони молӣ ворид хоҳад кард. Вале, аҷоиботро бинед, ки дар байни онҳое, ки аз таги нохун чирк мекобанд, ҳатто ин иқдоми наҷиб-сарфакорӣ, ки  ниёгони бузургамон онро тавсиф намуда, пушт ба пушт пешниҳодамон сохтаанд, мазаммат шуда, ба муқобили давлат истифода мешавад. Иқтисоддони ба ҳеҷ кас номаълуме, ки шояд аз энергетика огоҳие надорад, Шоҳдавлат Шоҳнусайриев, ба гуфте, мудири бахши иттилоот ва таҳлили ҲСД, дар суҳбат бо хабарнигори радиои «Озодӣ» чунин изҳор намудааст: «Сол ба сол неругоҳҳо зиёд мешаванд, аммо барқ камтар мешавад. Баҳона–об. Кор ба ҷойе расидааст, ки акнун гуноҳи худамонро ба уҳдаи табиат мепартоем. Низоми энергетикии кишвар ва бахусус ширкати «Барқи Тоҷик» дуруст кор намекунад!»

Тавре дар Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» низ зикр гардидааст, то пурра бунёд ёфтани Неругоҳи барқи обии Роғун ва пур кардани обанбори он системаи гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки зиёда аз 90 фоизи барқи он тавассути об истеҳсол мегардад, ба табиат ва вазъи обу ҳавои  солона вобаста аст.

Дар табиат солҳое вуҷуд доранд, ки хеле серобанд ва солҳое низ вуҷуд доранд, ки аз сабаби кам будани захираи барф дар мавзеъҳои болооби  шохобҳои дарёи Вахш ва Панҷ аз  тирамоҳ сар карда, маҷрои об кам мегардад. Аз рӯи таҷрибае, ки аз соли 1932 инҷониб дар омӯзиши дарёи Вахш гузаронда мешавад, маълум аст, ки ин гуна ҳодисаҳои камобӣ дар ҳар 12-13 сол як бор-ду бор рӯй медиҳанд. Масалан, дар зимистони солҳои 2008-2009 ва зимистони солҳои 2009-2010 ҳамин хел ҳолат рӯй дода буд. Дар он сол ҳатто обанбори Неругоҳи Норак дар сатҳи максималӣ аз об пур нагашт ва аз 5 сентябр дар тамоми ҷумҳурӣ маҳдудияти барқ ҷорӣ шуда, то моҳи апрел идома ёфта буд.

Бояд зикр намоям, ки баъди пурра ба кор даровардани Неругоҳи барқ обии Роғун ва пур кардани обанбори он, ки таъйиноти бисёрсола дорад, ин проблема пурра барҳам мехӯрад.

Имсол, аз рӯи мушоҳидаҳои аэровизуалӣ, ки Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Обихингоб, Сурхоб ва Камаров ба анҷом расонидааст, маълум мегардад, ки таносуби захираи обӣ-энергетикӣ хеле кам аст. Дар маҷмӯъ захираи барф дар ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ  нисбат ба соли 2019  ҳамагӣ 44 фоизро ташкил медод. Вобаста ба ин, ҳанӯз 28 июли соли 2020 «Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба мардуми мамлакат паҳн гардида буд, ки сокинонро ба сарфакории неруи барқ даъват менамуд.

Дар баробари ин, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» низ бобати таъминоти бехалали аҳолӣ ва иқтисоди миллии кишвар якчанд тадбирҳои таъҷилӣ андешида шуданд.

Аввалан, пеш аз муҳлатҳои дар шартномаҳои байнидавлатӣ зикршуда интиқоли неруи барқ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қатъ карда шуд. Алҳол ғайри як миқдори ками неруи барқ, ки ба ин кишварҳо танҳо барои дар зери шиддат мондан ва бо ин васила муҳофизат намудани хатҳои интиқоли барқ ва дастгоҳҳои энергетикӣ интиқол дода мешавад,  интиқоли барқ ба хориҷа қатъ карда шудааст. Мутобиқи шартнома танҳо дар фасли тобистон, ки барқ фаровон аст, ба давлатҳои ҳамсоя барқ интиқол дода мешавад. Масалан, интиқоли барқ имсол ба Афғонистон ба маротиб кам шуд. Агар дар даҳ моҳи соли 2019, ки соли фаровонии об буд,  ба ин кишвар 2 миллиарду 484 миллион кВт.соат барқ интиқол дода шуда бошад, соли 2020 ин рақам 1 миллиарду 484 миллион кВт.соатро ташкил дод.

Ба фурӯхтани об рабт додани вазъи ҷорӣ низ бофтаи хаёл ва як ҳазраи хандаовари баъзе «таҳлилгарон» аст. Худ қазоват намоед, ки бе ин ҳам ва бе ягон «хариду фурӯш» оби мо ё тавассути агрегатҳо гузарад, ё бидуни онҳо, ба кишварҳои поёноб ҷорӣ мешавад. Бар иловаи ин, ҳанӯз 2 сентябр обанбори Неругоҳи Норакро то нуқтаи ниҳоияш аз об пур карда будем. Ҳатто аз 5 то 19 сентябр бидуни агрегатҳо об сар дода шуд, чунки дар обанбори Неругоҳи Норак бештар аз нуқтаи 910 метр дигар об захира намудан мумкин нест ва ғайри он дигар ҷои захираи об надорем.

Мумкин мепурсанд, ки агар обанбор пур карда шуда бошад, сабаби проблема дар чист? Гап сари он ки, дар як вақт, барои он ки ин захира барои тамоми зимистон басанда бошад, мо бояд аз маҷрои дарё низ, ки ба обанбор мерезад, истифода барем. Агар маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна 2900 то 3000 метри мукааб дар ҳар сонияро ташкил диҳад, ин нишондиҳанда дар зимистон то 120-150 метри мукааб дар ҳар сония кам мешавад.  Масалан, барои он ки як агрегати НБО-и Норак кор кунад, 156 метри мукааб об.сония лозим аст. Дар айни замон мо асосан аз захираи обанбор истифода бурда истодаем, ки ин хавфи то охири зимистон басанда набудани онро ба миён меорад. Инчунин ҳар қадар, ки мо оби обанборро дар сатҳи баланд нигоҳ дорем, манфиати истеҳсоли барқ аз он бештар мегардад. Агар сатҳи обанбор дар нуқтаи 910 метр бошад, дар Неругоҳи барқи обии Норак аз як сантиметри он 544 ҳазор киловатт.соат, агар аз 870 метр поён (дар сатҳи миёна) бошад, 342 ҳазор киловатт.соат ва агар дар сатҳи поёнтарин 857 сантиметр бошад, ҳамагӣ 289 ҳазор киловатт.соат барқ истеҳсол намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки мо аз оғози зимистон, вақте сатҳи оби обанбор ҳанӯз дар нуқтаҳои болост, сарфакориро оғоз намоем.

Истеҳсоли неруи барқи мамлакат ба фаъолияти силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш-аз Неругоҳи Норак сар карда то неругоҳҳои поёноб вобастагии калон дошта, реҷаи кори ниҳоди энергетикии кишвар ба вазъи обу ҳаво ва маҷрову воридоти оби ин дарё ба нақша гирифта мешавад. Мо дигар иқтидорҳо, аз ҷумла Марказҳои барқу гармидиҳии Душанбе ва дар шимоли кишвар Неругоҳи барқи обии Қайроққум дорем, вале беш аз 80 фоизи неруи барқи мо тавассути дарёи Вахш ва неругоҳҳои дар он бунёдёфта истеҳсол мегардад. Барои мисол, НБО-и Қайроққум тахминан 15 фоизи барқи барои вилояти Суғд заруриро истеҳсол менамояд.

Вобаста ба ин ҳама, дар айни замон сарфакорона аз барқ истифода бурдан хеле муҳим буда, яке аз омили асосии бемаҳдудияти неруи барқ пушти сар намудани зимистон аст.

Аз рӯи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми сайёра таъминот бо неруи барқ қаноатбахш нест. Дар баробари ин, дар тамоми дунё сол то сол талабот ба неруи барқ бештар мегардад. Ин суръат ба дараҷае баланд аст, ки ба ақидаи нависанда А. Кларк, мумкин аст ояндаи наздик «киловатт.соат» ба асъори ягонаи байналмилалӣ табдил ёбад.

Ва дар тамоми дунё алҳол ду воситаи аз ин норасоӣ раҳоӣ пешниҳод мегардад:

  1. Афзун кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар манбаъҳои энергетикӣ, инчунин таҷдиди воситаҳои мавҷуда;
  2. Кам кардани истифода ё худ сарфакорона ва самаранок истифода бурдани неру.

Дар ҷумҳурии мо дар солҳои истиқлол нуктаи аввали ин нишондод хеле бобарор амалӣ мегардад. Дар чанд соли охир дар ниҳоди энергетикии мамлакат таҳаввулоти калоне ба амал омад. Вобаста ба таваҷҷуҳи хос ва дастгирии бевоситаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи энергетика дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2»,  Маркази дуюми барқу гармии шаҳри Душанбе, ду агрегати Неругоҳи барқи обии Роғун, даҳҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ ба истифода дода шуданд. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум ва Сарбанд  амалӣ гардида истодаанд. Ҳамаи ин имкон фароҳам овард, ки  иқтидори энергетикии кишвар ба қадри то 2000 МВт зиёд гардад ва ибтидо аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти таъмини барқ дар ҷумҳурӣ  пурра бардошта шуд. Ногуфта намонад, ки мо давлати худро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар, пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодаем, ки дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале дар баробари ин, вобаста ба афзудани шумораи аҳолӣ, пешрафти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат талабот ба неруи барқ низ афзоиш ёфт.

Ободиву зебоии Душанбе имрӯз тасвирнопазир аст. Агар як даҳсола пеш мегуфтанд, ки Душанбе ба чунин шаҳри зебову муосир табдил меёбад, касе бовар намекард. Ҳамаи ин неруи барқи иловагиро талаб менамояд. Дар панҷ соли охир муштариёни барқи шаҳри Душанбе аз 160 ҳазор ба 227 ҳазор расидаанд.

Хамаи ин тақозо менамояд, ки дар истифодаи барқ бояд сарфакор ва боинсоф бошем. Аз дигар тараф, ҳам аз назари мантиқӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ, роҳи дуюм – сарфакорона истифода бурдани неру – наздиктар, осонтар ва арзонтар аст. Ба он хотир, ки барои сохтмони иқтидорҳои нав қувва, маблағ, вақт лозим меояд. Вақт ба фоидаи мо нест, чунки иқтидорҳо дар як солу ду сол сохта намешаванд ва аз дараҷаи афзоиши талабот қафо мемонанд. Аз ин рӯ, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст.

Дар боло гуфтем, ки талабот дар давлати мо нисбат ба барқ босуръат меафзояд. Инро бо мисолҳои мушаххас таҳлил менамоем. То солҳои 90-ум аҳолии Тоҷикистон  дар як сол то 1 миллиард кВт.соат неруи барқ истифода мебурд. Ҳоло ба ҳисоби миёна дар як сол то 10 фоизи барқ, дар фаслҳои тирамоҳу зимистон то 45 фоизи барқро аҳолӣ истифода мебарад.

То солҳои 90-ум аҳолии Тоҷикистон  ҳар рӯз аз 1,2 то 3 кВт неруи барқ истифода мебурд. Ҳоло дар як рӯз  ҳар муштарии маишӣ  ба ҳисоби миёна   18,75 кВт. барқ мегирад.

Дар айни замон аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як шабонарӯз зиёда аз  30 миллион  кВт.соат неруи барқ истифода мебарад.

 Шарҳ: Агар шумораи муштариёни маишии барқ  1 млн.600 ҳазор бошадва онҳо агар 45 фоизи барқи истеҳсоли як шабонарӯзро истифода баранд, дар як рӯз мешавад = аз 70 млн. 45 фоизаш =31 млн 500 ҳазор. Инро ба 33 рӯз зарб занем, мешавад 1 миллиарду 395 ҳазор кВт. Яъне имрӯз аҳолӣ дар 33 рӯз миқдори яксолаи истифодаи барқи солҳои 90-умро истифода мебарад.

Агар ҳар муштарии маишӣ дар як рӯз 2 кВт.соат барқро сарфа намояд, дар як шабонарӯз мешавад= 3 200 000 кВт.соат.

Барои муқоиса-дар як рӯз шаҳри Кӯлоб ба ҳисоби миёна 1 млн.700 ҳазор кВт.соат; шаҳри Бохтар 1 млн.050 ҳазор; шаҳри Хуҷанд 3 млн.300 ҳазор кВт.соат барқ мегирад. Яъне, ҳар рӯз ҳар муштарии аҳолӣ 2 кВт.соат барқ сарфа намояд, ин миқдор аз истифодаи як шабонрӯзаи шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар зиёд буда, бо ин миқдор барқ метавон шаҳри Хуҷандро тахминан як шабонарӯз бо барқ таъмин намуд.

Агар ҳар муштарии маишӣ дар як рӯз 3 кВт.соат барқро сарфа намояд,  дар як рӯз мешавад= 4 800 000кВт.соат

Барои муқоиса -ин аз истеҳсоли шабонарӯзонаи барқи неругоҳҳои Сарбанд (3 млн 900 ҳазор кВт.соат), «Сангтӯда-2» (2 млн.600 ҳазор кВт.соат), МБГ-1-и шаҳри Душанбе  1 млн.980 ҳазор кВт.соат) зиёд аст.

Такрор мекунам, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 Тоҷикистон ба лампҳои каммасраф гузашт.  Баробари ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои тафсон сарфаи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар  ба 3 млрд. 120 миллион киловатт.соат баробар шуд, ки он ба ҳаҷми  истеҳсоли неругоҳи барқи обии иқтидораш 810 МВТ баробар аст.

Барои муқоиса: Иқтидори неругоҳҳои Сарбанд- 240 МВТ,  «Сангтӯда-1»- 670 МВТ, Бойғозӣ- 600 МВТ мебошад.

Манфиати лампаҳои каммасрафро чунин шарҳ додан мумкин аст: як лампаи каммасрафи 15-ватта зиёдтар аз лампаи 100-ваттаи тафсон рӯшноӣ медиҳад. Ин лампаи 15-ваттаи каммасраф дар даҳ соат 15 кВт.соат барқ хароҷот менамояд. Лампаи 100-ваттаи тафсон дар якуним соат 15 кВт.соат барқ хароҷот менамояд. Ана бубинед тафовутро. Агар мо лампаи каммасрафро истифода барем, дар даҳ соат 3 сомонӣ, агар лампаи тафсон истифода барем, дар якуним соат 3 сомонии буҷети оилаи худро хароҷот менамоем.

Воқеан, аз барқ сарфакорона истифода бурдан на танҳо дар зимистон, балки дар тобистон низ зарур аст. Дар ин сурат ҳам буҷети оила фоида мебарад ва ҳам шароит пайдо мешавад, ки кишвари мо зиёдтар ба хориҷа барқ содирот намуда, ҳам ҳамкории мутақобилан судмандро ривоҷ диҳад ва ҳам иқтидори иқтисодии мамлакатро таҳким бахшад.

Касе барқро дидаву дониста ғайриқонунӣ истифода мебарад, ин даст халондан ба хазинаи давлат, хиёнат ба ҷомеа ва ояндаи худи ӯву фарзандонаш мебошад. Чунки ҳама имрӯз ба барқ эҳтиёҷ доранд ва рушди соҳаи энергетика барои фардои мову фарзандонамон ногузир аст.

Барқ ҳам монанди ангишт, ҳезум, газ ва дигар маводи сӯхт, мисли орду рӯғану дигар маводи хӯрокворӣ маҳ­сулот аст, арзишу нарх дорад. Аз ин рӯ, ҳангоми аз барқ истифода бурдан бояд сарфакор буд ва маб­лағашро ҳатман пардохт кард. Сарфакор будани мо барои бо барқ таъмин будани мо ва так­роран истеҳсол намудани неруи барқ хеле зарур аст.

Барои он ки ҳар шахс ва кулли кишвари мо пурра ва бетаваққуф бо барқ таъмин бошанд, маб­лағҳои зиёде хароҷот мешаванд, зиёда аз 13 ҳазор нафар кормандони соҳа шабу рӯз, дар гармиву сар­дӣ машғули меҳнатанд, тамоми неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ бетаваққуф барқ истеҳсол менамоянд, ҳамаи 60804 километр хатҳои барқ ва 30517 адад трансформаторҳои иқтидорҳояшон мух­­­талиф зери шиддатанд.

Тамоми мушкилот осон мегардад, фақат ба шарте, ки агар ҳамаи муштариён аз барқ сарфакорона истифода баранд ва маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт намоянд. Бале, барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Фарқият дар он аст, ки барои дигар маҳсулот, ҳатто ҳар да­қи­қаи телефони мобилӣ, мову шумо маблағро пеш­­пардохт мекунем. Яъне, аввал пулашро меди­ҳему баъд онро дастрас менамоем. Вале барқ насия дода мешавад, аввал онро мегирем, истифода мебарем ва баъд бояд маблағашро пардохт намоем. Аз ин рӯ, пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гӯшаи виҷдони ҳар инсон аст.

Дар ҳама кор, аз ҷумла истифодаи барқ ҳам сарфакор будан бояд низоми зиндагии мо бошад. Зеро аз ин ҳама ва ҳар кас манфиат мебинад.

Январь 8, 2021 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода