Пирӯзӣ бар коронавирус то соли 2022 муяссар хоҳад шуд, агар ваксинаҳо дастрас бошанд — Дабири кулли СММ
ДУШАНБЕ, 29.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш 28 январ бо вояи нахустини ваксинаи зидди коронавирус эм карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус ӯ дар саҳфаи Твитераш иттилоъ додааст. Дар шаҳрдории Ню — Йорк чунин меҳисобанд, ки иштироки сарвари СММ дар маъракаи эмгузаронӣ ба афзудани эътимод ба ваксинаи COVID-19 мусоидат мекунад.
«Хушбахтона, имрӯз ба ман насиб шуд, ки нахустин вояи ваксинаи COVID-19-ро қабул намоям», — изҳор намуд Гутерриш пас аз эмгузаронӣ дар яке аз нуқтаҳои эмгузарони шаҳри Ню — Йорк.
«То соли 2022 инсоният метавонад бар коронавирус пирӯз шавад, ба шарте, ки ваксинаҳо дастрас бошанд,- иқтибос меорад ТАСС суханони Антонио Гутерришро. — Мо бояд ҳама корро бикунем, то ин ки ваксина барои ҳама ва дар ҳама ҷо дастрас бошад», — гуфт роҳбари СММ. Ба гуфтаи ӯ ҳангоми пандемия, ҳеҷ кас наметавонад худро бехатар эҳсос кунад, то замоне, ки ҳама бехатар набошанд».
«Умедворам, ки агар имсол ваксинаҳо барои истифодаи оммавӣ дастрас шаванд, пас соли оянда комилан дигар хоҳад буд», -зикр кард Антонио Гутерриш. — «Ва агар ба мо раҳоӣ аз коронавирус муяссар шавад, умедворам мо метавонем ба ҷаҳони беҳтар баргардем, на ба он чизе, ки буд».
Дабири кулли СММ умедвор аст, ки ҳатто бо дарназардошти мутатсияҳои COVID-19, ваксинаҳои ихтироъшуда муассир хоҳанд буд. «Ин муҳимии онро нишон медиҳад, ки ҳарчӣ зудтар бояд ҳама эм карда шаванд», — гуфт ӯ.
Антонио Гутерриш чунин мешуморад, ки коронавирус метавонад ба бемории мавсимӣ табдил ёбад, агар минбаъд ҳам дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон густариш ёбад. «Агар вирус мисли оташсӯзӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон паҳн шавад, мутатсияҳо ногузир хоҳанд буд ва дар ниҳоят мо метавонем ба вазъе дучор шавем, ки дар ҳар мавсим бояд алайҳи COVID-19 ваксинаи нав таҳия намоем, зеро ҳар сол штаммҳои нави он пайдо хоҳанд шуд, тавре ки он ҳолат бо зуком рух медиҳад”, — гуфт ӯ.
ДАР АКС: 28 январ Дабири кулли СММ А.Гутерриш вояи нахустини ваксинаи зидди COVID-19 -ро қабул намуд. Акси СММ/Э.Дебебе








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






