Дар Бадахшон ба шарафи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ машқҳои амалӣ-тактикӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 28-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои омӯзиши назариявӣ ва амалӣ бо иштироки ҳайати шахсии воҳидҳои таъйиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғ машқҳои амалӣ-тактикӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар машқҳо тактикӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Рустам Мирзомуродзода иҷрокунандаи вазифи раиси шаҳри Хоруғ Алишер Мирзонабот, аъзои Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ ва дигар меҳмонон ширкат варзиданд.
Дар маросим аз ҷониби ҳайати шахсии Воҳидҳои таъйиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғи ВМКБ марҳилаҳои гуногуни иҷрои машқҳои тактикӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифт. Сардори РВКД дар ВМКБ Рустам Мирзомуродзода бахшида ба 28-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ҳайати шахсии Вохидҳои таъйиноти махсуси гарнизони ҳарбии шаҳри Хоруғро табрик намуд ва ҳамзамон барои дар сатҳи баланд доир намудани машқҳои тактикӣ минатдорӣ баён намуд.
Таъкид гардид, ки хизмати ҳарбӣ аз кормандони сохторҳои интизомӣ- аз қаторӣ то корманди баландрутбаи низомию ҳарбӣ далерию матонат, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иҷрои бечунучарои вазифаҳои хизматиро талаб менамояд.
Баъди иҷрои машқҳои амалӣ-тактикии Воҳидҳои таъйиноти махсуси гарнизони шаҳри Хоруғ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ба сатҳи машқҳои амалӣ- тактикӣ баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки имрӯз вазъияти мураккаби ҷаҳон нишон медиҳад, ки сохторҳои қудратӣ бояд ҳамеша ҳушёрию зиракиро аз даст надода, дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд ва пайваста маҳорати касбии хешро баланд бардоранд.
Дар фарҷоми машқҳои амалӣ-тактикӣ барои нишон додани маҳорату малакаи баланд дар иҷрои машқҳои тактикӣ ба кормандони Воҳидҳои таъйиноти махсусси гарнизони шаҳри Хоруғ аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори РВКД дар ВМКБ дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои хотиравӣ, Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ супорида шуданд.










Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






