Хадамоти алоқа: Барқарорсозии шабакаи «ҳукумати электронӣ» миёни вазорату идораҳои давлатӣ идома дорад

Февраль 1, 2021 13:24

ДУШАНБЕ, 01.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи истифодабарандагони Интернет дар якҷоягӣ бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит 3, 34 миллион нафарро дар бар мегирад. Барқарорсозии шабакаи «ҳукумати электронӣ» дар байни вазорату идораҳои давлатӣ идома дошта, 50 вазорату идораҳои ба шабака мазкур пайваст карда шуда, барои роҳандозии сегменти якум, яъне байни шуъбаҳои умумии вазорату идораҳо ташкил намудани мубодилаи электронӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин матлаб  имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев баён гардид.

Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 26 январи имсол зикр карданд, ки  дар шароити кунунӣ рушди технологияҳои рақамӣ шарти асосии рақобатнокии иқтисодӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин супориш доданд, ки бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва вусъатбахшии раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» ба Ҳукумати мамлакат ва сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки доир ба таъсис додани Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд.

Илҳомҷон Атоев инчунин афзуд, ки инноватсия дар мамлакат чизи нав нест, балки чанд соласт, ки корҳо дар ин самт  амалӣ карда мешаванд. Ин чизест, ки пайваста дар ҳоли рушд мебошад.

-Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар масъалаи алоқаи барқӣ ва мобилӣ  хеле пеш рафт. Пеш, агар то соли 2019 мо 20 Гбит/сония ба ҷумҳурӣ интернет ворид мекардем, ҳоло 70 ГБит овардем. Инчунин  зиёда аз 26 ҳазор истгоҳҳои базавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон насб шудаанд, ки онҳо системаи ягонаи алоқаи мобилиро  ташкил медиҳанд,-иброз намуд Илҳомҷон Атоев

Дар мавриди истифодаи симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ зикр гардид, ки соли 2020 он 7 миллиону 268 ҳазору 516 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла 5 миллиону 433 ҳазору 988 ададашон муштариёни фаъол мебошанд.

Ҳамчунин ба гуфти Илҳом Атоев, то имрӯз 4,5 миллион шаҳрвандон симкортҳои худро бо ID-шиносномаҳои намунаи соли 2014 сабти ном кардаанд ва 2,6 миллион симкорти дигар бо шиносномаҳои намунаи кӯҳна боқӣ мондаанд.

Февраль 1, 2021 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид