ИСТЕЪМОЛИ МАШРУБОТИ СПИРТӢ ДАР ҶАҲОН ДАР СОЛИ 2020. Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон – кишварҳое, ки дар ИДМ аз ҳама кам истеъмол мекунанд
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 истеъмоли арақ ба ҳар сари аҳолӣ дар Россия 4,9 литрро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 2% зиёдтар аст. Дар ин бора рӯзномаи «Известия» бо истинод ба маълумоти Маркази таҳқиқоти бозорҳои федералӣ ва минтақавии машруботи алкулӣ (ЦИФРРА) хабар додааст.
Истеъмоли арақ, ҳатто бо вуҷуди он ки соли 2020 рафтуомади русҳоро дар хориҷи кишвар манъ кард, якбора афзоиш наёфт, гуфт ба «Известия» сардори СИФРРА Вадим Дробиз.
АМИТ «Ховар» дар зер раддабандии кишварҳои ҷаҳонро оид ба истеъмоли машруботи спиртӣ барои як нафар дар соли 2020 мувофиқи маълумоти СУТ пешниҳод менамояд. Ба шумо хотиррасон мекунем, ки маълумот мутобиқи як литри спирти холис нишон дода шудааст, на тибқи як литри нӯшокиҳои мушаххас.
Ба ҳамин тартиб, мутобиқи таҳқиқот, ба рӯйхати 10 кишвари аз ҳама зиёд нӯшандаи ҷаҳон дар соли 2020 мамлакатҳои зерин шомил шуданд:
Молдова – 15,2
Литва – 15,0
Чехия – 14,4
Германия – 13,4
Нигерия – 13,4
Ирландия – 13,0
Люксембург – 13,0
Латвия – 12,9
Булғористон – 12,7
Руминия – 12,7
Ҳамагӣ дар 17 кишвари ҷаҳон машруботи спиртӣ дар тамоми қаламравашон (ё барои баъзе минтақаҳо) барои аҳолӣ (ё аксари аҳолӣ) комилан мамнӯъ аст. Аксари онҳо кишварҳои мусулмонӣ мебошанд. Аммо, сарфи назар аз он ки дини мусулмонон машруботро манъ мекунад ва онро манфӣ арзёбӣ мекунад, ба ҳар ҳол баъзе давлатҳои мусалмонӣ машруботро пурра дар қаламрави худ манъ накардаанд.
Инчунин қариб дар 80 кишвар барои истеъмоли машрубот маҳдудияти ҷиддӣ амал мекунанд. Ҳамин тавр, «қонуни хушк» ё манъи пурраи спирт дар айни замон дар кишварҳои зерини ҷаҳон вуҷуд дорад: Афғонистон, Баҳрайн (мамнӯъ барои мусалмонон), Бангладеш (мамнӯъ барои мусалмонон), Бруней, Ҳиндустон (дар иёлоти Гуҷарат, Биҳор, Нагаланд, Манипур пурра мамнӯъ аст), Эрон (мамнӯъ барои мусалмонон), Кувайт, Ливия, Малдив (ба истиснои хориҷиён дар муассисаҳои дорои иҷозатнома), Мавритания, Покистон (мамнӯъ барои мусалмонон), Қатар (мамнӯъ барои мусалмонон), Арабистони Саудӣ, Сомалӣ, Судон, Аморати Муттаҳидаи Араб (мамнӯъ барои мусалмонон, дар иёлати Шарҷа барои ҳама), Яман.
Бо вуҷуди ин, дар баъзе аз ин кишварҳо ба ҳар ҳол менӯшанд, асосан ғайримусалмонҳо:
Қатар – 2
Баҳрайн – 1,9
Эрон – 1
Покистон – 0,3
Арабистони Саудӣ – 0,2
Афғонистон – 0,2
Яман – 0,1
Дар байни кишварҳои ИДМ кишварҳои аз ҳама зиёд нӯшанда дар соли 2020, тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ- Молдова, Россия, Беларус ва кишварҳои аз ҳама кам нӯшанда- Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошанд:
Молдова –15,2
Россия – 11,7
Беларус – 11,2
Украина – 8,6
Қазоқистон – 7,7
Қирғизистон – 6,2
Арманистон – 5,5
Туркманистон – 5,4
Тоҷикистон – 3,3
Ӯзбекистон – 2,7
Озарбойҷон – 0,8
АКС аз сомонаи therumdiary.ru








Самаранокии идоракунии молиявӣ бо намояндагони лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ, ҶАВОНӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор гардид
Байни муассисаҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистону Қазоқистон се Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд






