Омӯзгорони ДАТ ва коллеҷҳои кишоварзии Мастчоҳ ва Бохтар соҳиби сертификати байналмилалии Донишгоҳи Гент гардиданд

Февраль 17, 2021 15:20

ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ  дар соҳаи кишоварзӣ» /МД РССК/ рушди асосҳои институтсионалӣ ҷузъҳои хеле муҳими сохтори институтсионалӣ ва базаи донишҳои таълимиро, ки барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ муҳиманд, дар доираи татбиқи лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ тақвият мебахшад. Ин нуктаро имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон муовини директори МД РССК Ҳусейн Каримов зикр намуд.

Мавсуф афзуд, ки дар доираи зерқисмат оид ба дастгирии такмилдиҳии барномаҳои муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи кишоварзӣ МД РССК бо Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия шартнома ба имзо расонидааст. Лоиҳа Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва ду коллеҷи аграриро дар самти такмили барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани малакаи омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Гент — ҳамшарики Ғарб, инчунин таҳияи барномаҳои нави таълимӣ дастгирӣ менамояд. Дар доираи амалишавии ин барнома ба Донишгоҳи Гент  се сафари корӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва коллеҷҳои кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Бохтар ташкил карда шуд. Омӯзгорони  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва коллеҷҳои кишоварзии Мастчоҳ ва Бохтар дар давраҳои омӯзишии барномаҳои нави таълимии интихобшуда иштирок карда, соҳиби сертификати байналмиллалии  Донишгоҳи Гент гардиданд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки дар доираи ин фаъолият дар асоси ҳисоботи худбаҳодиҳии муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Донишгоҳи Генти Шоҳигарии Белгия барномаҳои нави таълимӣ интихоб шуданд. Аз ҷумла,  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон барои ихтисосҳои «Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ва «Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти чорводорӣ», Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар барои ихтисоси «Агрономия» ва Коллеҷи аграрии ноҳияи Мастчоҳ барои ихтисоси «Бойторӣ». Баъди  интихоб шудани барномаҳои нав аз тарафи Донишгоҳи Гент рӯйхати таҷҳизоти лабораторӣ тавсия карда шуд. Айни ҳол харидани ин таҷҳизот барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва коллеҷҳои кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Бохтар дар системаи STEP– и Бонки ҷаҳонӣ ворид гашта, дар ҳолати мувофиқа  қарор дорад.

Ҳусейн Каримов афзуд, ки Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмиллалии рушд бо мақсади дастгирии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ тӯли солҳои охир таҳия гардидааст. Лоиҳа барои дастгирии тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ равона шуда, ба татбиқи Барномаи ҳамаҷонибаи ислоҳоти аграрӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳо ҳамчун асос барои ислоҳот ва сармоягузориҳои оянда таҳия шудааст, мусоидат мекунад.

Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ»  аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» — дар ҳаҷми 13 756 980 доллари  амрикоӣ татбиқ шуда истодааст, ки аз ҷумла 13 006 980 доллари  амрикоӣ аз ҳисоби   Ассотсиатсияи   байналмилалии    рушд ва  750 000 доллари амрикоӣ саҳми бевоситаи гурӯҳҳои фермериро ташкил медиҳад.

Баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии хоҷагиҳои фермерӣ ва маҳсулоти агроистеҳсолӣ  бо роҳи беҳтар намудани ҳамкории самараноки иштирокчиёни занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти муайян дар сатҳи деҳот таввасути васеъгардонии имконоти дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва тақвияти иқтидори институтсионалӣ аз ҳадафҳои Лоиҳаи тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки  МД РСССК дар доираи қисматҳои такмили    донишҳои    техникӣ   ва   малакаҳо   барои     дастгирии раванди тиҷоратикунонӣ, грантҳо    барои  ҳадафҳои  тиҷоратикунонии  соҳаи кишоварзӣ ва тақвияти   иқтидори  институтсионалӣ  ва   идоракунонии Лоиҳа фаъолият менамояд.

Февраль 17, 2021 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд