Вакили Маҷлиси намояндагон Мироҷ Абдуллоев: «Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» се намуди асосии хизматро пешбинӣ менамояд»

Февраль 23, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 23.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз навовариҳои асосии  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 январи соли 2021 қабул гардид, ин ворид кардани намуди нави хизмати ҳарбӣ маҳсуб мешавад. Қонуни мазкур бори дигар муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

Ин нуктаро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Мироҷ АБДУЛЛОЕВ дар арафаи Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳамасола 23 феврал дар мамлакат  таҷлил карда мешавад,  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Cофия ШОИК баён намуд.           

Мутобиқи моддаи 41-и  қонун «Дар бораи уҳдадории  ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» се намуди асосии хизмати ҳарбӣ-хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок, хизмати ҳарбии ихтиёрӣ ва хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъватӣ-сафарбарӣ дар вазифаҳои  сарбозон пешбинӣ шудааст. Мутобиқи моддаи 59-и қонун ба шаҳрвандоне, ки кафедраи ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи барномаи омодасозии афсарони эҳтиётӣ хатм кардаанд, рутбаи якуми ҳарбии афсари эҳтиётӣ пас аз 12 моҳи адои хизмати ҳарбии муҳлатнок дода мешавад. Тибқи муқаррароти моддаи 37–и қонуни амалкунанда андозаи маблағ, тартиби супоридани он ва гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд»,- гуфт  Мироҷ Абдуллоев дар шарҳи бештари қонуни зикршуда.

Мавсуф дар суҳбат иброз дошт, ки баъд аз фурӯпошии  Иттиҳоди Шӯравӣ мустақил гардидани кишвар- ин гардиши азиме буд дар таърихи миллату Ватани мо. Пас аз ҳазор соли давлати Сомониён, ки дар замонаш як давлати муқтадир буд, бори дигар истиқлол насиби миллати куҳанбунёди мо гашт. Раванди бунёди давлатдории навини миллӣ дар Тоҷикистон баъди  ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ оғоз гардид. Пас аз анҷоми ҷанги  шаҳрвандӣ, ки тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гашта буд ва миллат дар ҳолати ногувор қарор дошт, бо ташаббус  ва ҳисси ватандӯстиву фидокорӣ ва ҷасорату матонати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат  сулҳу оромӣ  пойдор шуд. Хатаре, ки ба тамоми миллат ва давлат  таҳдид мекард, бо шарофати хирадмандию шуҷоати  Президенти ҷумҳурӣ бартараф карда шуд.

«Бояд гуфт, ки дар он рӯзҳои вазнин, ки ҳанӯз гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор, хоинони миллату давлат доим аз паси ошӯбҳои хиёнаткорона буданд, бунёди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар зарур буд. Ҳанӯз 28 сол муқаддам, 23 феврали соли 1993 бо иқдом ва пуштибонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, устувор гардид»,-гуфт Мироҷ Абдуллоев.

Номбурда тазаккур дод, ки Пешвои  миллат дар баромадҳои худ доимо таъкид мекунанд, ки «хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ бояд, пеш аз ҳама, дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд. Чунки артиш симои миллат ва бақои умри давлат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии артиш ва шарти аввалини обрӯи он аст».

Гуфтаҳои Сарвари давлат барои насли ҷавон намунаи ибрат ва дарси одамият мебошанд. Артиши миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсис барои ҳифзи  давлати мустақили мо, пойдории сулҳу оромӣ, тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ободию сарсабзии Ватани маҳбубамон  ҳамеша омода буд.  Артиш ин такягоҳи давлат ва сипари миллат аст.

Имрӯзҳо ҷавонони шуҷою далер ва  бо нангу номуси тоҷик тибқи муқаррароти қонуни мазкур  баҳри ҳимояи марзу буми Ватан чун сипар  монеи ҳамлаи ҳар гуна душманони миллат ҳастанд. Бо сари баланд,  виҷдони пок омода ҳастанд, ки шабу рӯз чун афсари диловару шуҷоъ ватанро ҳифз намоянд. Зеро, ки дӯст доштани Ватан аз имондорист. Ҳар шахсе, ки ватанро дӯст медорад, вай модари худро дӯст медорад. Меҳре, ки ба модари худ  дошта бошем, бояд ба Ватан низ дошта бошем. Ҳар фард бояд бидонад, ки эҳтироми Ватан эҳтироми модар аст. Ва беҳуда нест, ки бузургон Ватанро ба модар ташбеҳ кардаанд, зеро ояндаи тақдири бехатарии Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба дӯши ҷавонони ҷасуру нотарсу шуҷоатпеша аст.

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори  мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, имрӯз бояд ҳар ҷавони фидокор  ва дар роҳи ҳимояи Ватани хеш устувор ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, нисбат ба Ватан садоқати бепоён доштану ҳамеша омода будан ба иҷрои қарзи ҳарбиро дар замири худ ҷой диҳад. Аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дурӣ ҷӯяд, ба кирдорҳои номатлуб ҷалб нашаванд. Ва алайҳи ин тамоюлҳои хатарзо мубориза баранд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҷавонони саодатманди мо, ки дар даврони истиқлол, дар муҳити орому озод фаъолият доранд, ҳамчун шахсияти ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ баркамол тарбия ёбанд. Дар вуҷуди наврасону ҷавонон бояд ифтихори миллӣ, эҳсоси гарми  ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ аён бошад. Хидмат ба Ватан қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард аст. Чунонки Бадриддин Ҳилолӣ фармудааст:

Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер ояд, чу шер аст.

Маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои муҳимӣ сиёсӣ мебошад. Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар даъватҳои баҳориву тирамоҳӣ дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мешавад. «Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, ба хизмат  мераванд. Дар қиёс ба  солҳои пешин шароити хизмат дар   сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Бисёр падарону модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз рафти хизмати фарзандонашон дидан намуда, аз шароити хуби он изҳори сипос менамоянд. Дар робита бо ин мехоҳам хотирнишон созам, ки то имрӯз ҷавононе ҳастанд, ки аз хизмат ба сафи Артиши миллӣ саркашӣ мекунанд ё ба муҳоҷират рафта, пинҳон мешаванд. Дар қалби ин зумра ҷавонон ҳисси муҳаббат ба Ватан- модар нест. Дар тинаташон шарм ва азоби виҷдон вуҷуд надорад. Бояд гуфт, ки эътибору нуфузи чунин ҷавонон дар байни ҷомеа коста мегардад. Ин гуна ҷавононро қалб ва виҷдону имонашон ҳамеша бояд азоб диҳад. Ҷавонон тавре бояд хизмат кунанд, ки хизмати онҳо дар сафи Артиши миллӣ ибратомӯз бошад. Бояд шумо бо риштаҳои нозуки шарафу номусу ор ва садоқат ба Ватан пайваста бошед. Аз байни ҷавонони мо бояд сарбозони шуҷоъ, инсонҳои далер ва ҷасур,  ҷанговари номӣ бароянд»,-афзуд вакил.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки «ҷавонони мо  бояд аз «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, аз корнамоиҳои Золи Зар, Рустами Достон, Сиёвуши Сафшикан, Ифандиёри Рӯинтан ва Гурдофарид бахубӣ огоҳ бошанд. Мо аз гузаштагони боору номуси  худ, чун  Спитамену Деваштич, Муқаннаъу Темурмалик, Восеъ ва Маҳмуди Торобӣ ифтихор мекунем ва баҳрашон суханҳои арзишманд мегӯем. Онҳо садсолаҳо инҷониб номи худро дар таърих ҳамчун қаҳрамон ба ҷой гузоштанд ва чун диловару ҷонфидо баҳри ҳафзи Ватан бо далерию матонат  ном бароварданд. Ҷавонони мо набояд он қаҳрамонию шуҷоати падарону бобоёни худро дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)  фаромӯш кунем. Дар ин ҷанги хунини бераҳмона 54 нафар ҳамдиёрони мо сазовори унвони олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ- Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ гардиданд.  Хушбахтона, имрӯз шаҳрвандони кишвари мо дар фазои осуда, бо хотири шод зиндагӣ доранд».

Дар идома Мироҷ Абдуллоев зикр кард, ки дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои муаззами миллат ба ҷавонон иброз дошта буданд, ки  «ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».  Аз ин суханони хирадмандонаю бунёдкоронаи  абармарди дунёи сиёсат- Пешвои миллат бармеояд, ки ҳар яки мо бояд барои ҳимояи кишвари азизи худ, ки ҳар ваҷаби он бароямон муқаддас аст, то ҷон дар рамақ дорем, содиқона хизмат намоем. Вожаи   ватандӯстӣ ё ватанпарастӣ  маънои ишқу меҳру муҳаббати беандоза ва садоқати бепоён  доштан ба Ватан аст.

 

Февраль 23, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунармандони Беларус ба сокинони шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон масоили мубориза бо экстремизм ва терроризм баррасӣ шуд
Барои хизматчиёни давлатӣ машғулияти такмили ихтисос гузаронида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад
Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами маърифати ҳуқуқӣ дар шароити муосир конференсия баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд