Изҳороти СММ дар бораи афзоиши бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ пас аз соли 2014
ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти ғизоӣ ҳаштумин моҳ аст, ки пай дар пай афзоиш меёбанд. Дар моҳи январ бештар аз ҳама нархи ғалладонагиҳо, равғани растанӣ ва шакар боло рафтааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Аз иттилоияи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии (ФАО) СММ чунинин бармеояд, ки нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ дар моҳи январи соли 2021 ба авҷи баландтарини худ тақрибан дар ҳафт соли охир расиданд.
Созмони мазкур нишондиҳандаи ададии нархҳои озуқавории ФАО — нишондиҳандаи тағйироти ҳармоҳаи нархҳои байналмилалии ғалладонагиҳо ва зироати равғандиҳанда, маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва шакарро пешниҳод кард. Моҳи гузашта нишондиҳандаи миёнаи он 113,3 бандро ташкил дод, ки назар ба моҳи декабри соли 2020 4,3% зиёдтар аст. Ин нишондиҳанда ҳашт моҳ боз пай дар пай афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Созмон, аз моҳи июли соли 2014 ба ин тараф он ба авҷи баландтарин расидааст.
Бештар аз ҳама нархи гандум баланд шудааст. Дар моҳи январ нишондиҳандаи ададии нархҳои ғалладонагиҳо 124,2 бандро ташкил намуд, ки ин назар ба моҳи гузашта 7,1% зиёдтар аст. Дар тӯли сол он беш аз 42% афзоиш ёфтааст. Нархи гандум дар моҳи январ бо сабаби талаботи фаъоли ҷаҳонӣ ва коҳиши мунтазираи фурӯши он аз Россия бо сабаби баланд шудани боҷи содиротии гандум 6,8% боло рафт. Ҷуворимакка 11,2% қимат шудааст.
Нишондиҳандаи ададии нархи равғанҳои растанӣ дар моҳи январ 5,8% афзуда, ба 138,8 — авҷи болотарини худ аз моҳи майи соли 2012 ба ин тараф расид. Ин Созмон болоравии нархи равғани хурморо бо коҳиши истеҳсоли он дар Индонезия ва Малайзия ва равғани офтобпарастро ба ҳосили пасти он дар мавсими 2020-2021 вобаста медонад.
Афзоиши нархи шакар дар як моҳ 8,1% -ро ташкил дод, нишондоди ададии он 94,2 банд — аз ҳама сатҳи баландтаринро аз моҳи майи соли 2017 ташкил намуд. Тибқи маълумоти ФАО, ин ба бад шудани дурнамои ҳосилнокӣ дар Иттиҳоди Аврупо, Россия ва Таиланд дар мавсими 2020-2021 ва хушксолии бештар назар ба ҳавои муқаррарӣ дар Амрикои Ҷанубӣ вобаста аст. Инчунин болоравии нархи нафти хом ва баланд шудани арзиши воқеии риёли Бразилия нисбат ба доллар ба нархи шакар таъсир мерасонад (Бразилия -бузургтарин содиркунандаи шакар аст).
Нишондиҳандаи ададии нархи маҳсулоти ширӣ то 111 банд (афзоиш — 1,6% дар як моҳ), гӯшт то 96 банд (афзоиш — 0,9%) зиёд шуд.
Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат нархи қанд (19,6%), маҳсулоти нонӣ (11,7%), мева (7,0%), картошка (5,7%), маҳсулоти гӯштӣ (5,0%) зиёд шудааст. Дар ин давра нархи маҳсулоти ғизоӣ 6,6% афзоиш ёфт, болоравии нархи молҳои ғайриғизоӣ 3,8% -ро ташкил намуд.
Ин дар ҳолест, ки соли 2020 дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017 4,5 маротиба афзуда, истеҳсоли тухм қариб як миллиард дона ва 5,5 маротиба афзудааст. Шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2017-ум 35% ва парвариши моҳӣ дар ҳамин давра 2,3 маротиба афзудааст. Воридоти гӯшт ба кишвар аз 10.700 тоннаи соли 2014 дар соли 2020 то 180 тонна, тақрибан 60 маротиба коҳиш ёфт. Ҳаҷми воридоти гӯшти мурғ соли 2020 нисбат ба соли 2017 беш аз се маротиба коҳиш ёфт. Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо қариб 5 маротиба, картошка — 7,7 маротиба, сабзавот ва зироати полезӣ — 4 баробар ва меваҳо — 3 маротиба афзудааст.
Моҳи январи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони кишвар таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ин рақамҳо ҷалб карданд. Минбаъд Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳамкорӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои нигоҳ доштани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва таъмини аҳолӣ бо ин маҳсулоти ҳаётан муҳим тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар оянда эълон хоҳад шуд.
АКСИ: Sean Gallup / Getty Images