МОДАР СУТУНИ ОИЛА ВА ҶОМЕА МЕБОШАД. Раёсати маорифи ВМКБ муаллимаҳои вилоятро бо Рӯзи Модар табрик намуд

Март 7, 2021 09:02

ХОРУҒ, 07.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят бо баргузории ҷаласаи тантанавӣ омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуданд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН аз Хоруғ хабар медиҳад.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов кулли модаронеро, ки умри хешро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшида, барои таҳкими таҳкурсии давлати соҳибистиқлол ва  ободиву пешрафти он ҳамеша  саъю талош мекунад табрик карда, изҳор дошт, ки “модар тамоми мушкилоти бунбастҳои зиндагиро қабул ва паси сар мекунад, то ба фарзандаш осеб нарасаду зиндагии орому бароҳат дошта бошад. Ва агар модар боз омӯзгор бошад, масъулияташ дучанд меафзояд. Зеро ӯ дар баробари волидон дар таълиму тарбияи шогирдон низ масъулият бар дӯш дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши модарону бонувонро дар тарбияи насли наврас, пойдориву устувории оила ва ба воя расондани фарзандони баору номус муассир шумурда, таъкид мекунанд, ки «модарон барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву  баракати хонавода ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд».

Сардори Раёсати маорифи вилоят гуфт, ки ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят  зиёда аз 5 ҳазор омӯзгор ба таълиму табрияи насли наврас машғуланд, ки 85 фоизи онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Таҷриба собит намудааст, ки дар он муассисаҳои таълимие, ки бонувон роҳбар ҳастанд, дар он ҷо ҳам таълиму тарбия, ҳам муҳити софу пок ва ҳам робита байни оилаву омӯзгорон бо низоми муайян ба роҳ гузошта шудааст.

Раиси Шӯрои Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят Саид Шоғузанфаров низ бонувонро ба ид табрик намуда, ба ҳар кадоми онҳо барои хизматҳои софдилона ва содиқонаашон сипоснома, мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Зимни супоридани мукофот раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм изҳор дошт, ки давлату ҳукумати кишвар ҳамеша талош меварзанд, ки ранҷу заҳматҳои устодону омӯзгоронро қадр намуда, барои фаъолияти пурсамарашон шароити мусоид фароҳам созанд.

Бояд зикр кард, ки илму техника дар асри бисту як ба таври бесобиқа пеш меравад ва ҳар соату замон тарзу усулҳои таълим низ тағйир ёфта, технологияи ҷадид рӯи кор меояд. Аз ин рӯ барои омӯзгорон низ зарур аст, ки пайваста дониши назариявию амалии худро такмил диҳанд ва шавқу ҳаваси шогирдонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар ҷалб намоянд.

Март 7, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»