«НАХЛИ ҲАҚИҚАТБОР». Таҳти чунин унвон китоби журналист Далер Мерганов нашр гардид

Март 12, 2021 16:03

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Нахли ҳақиқатбор» китоби журналисти маъруф Далер Мерганов ба нашр расид. Дар китоби мазкур матолиби дар жанрҳои гуногун иншонамудаи муаллиф мураттаб гардида, хӯшае аз хирмани пурбори ин журналист маҳсуб мешавад, ки барои доираи васеи хонандагон манзур шудааст.

Китоб зери назари Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар нашриёти «ЭР-граф» бо теъдоди 464 саҳифа нашр гардидааст.

«Нахли ҳақиқатбор» аз панҷ боб иборат мебошад, ки бо сарлавҳаҳои ба матолиби ин боб хос гузошта шудаанд. Боби аввал «Пешвои мардумӣ асту азизи халқи худ», боби дуввум «Бетарафӣ иллати наҳс аст, бидон!», боби сеюм «Пайи ҳақ гуфтану ҳақ ҷуста рафтан», боби чорум «Дарси номус маро суҳбати аҳбоб бувад» ва боби панҷум зери унвони «Номашон достони нанги мардон аст» чоп гардидаанд.

Ба гуфти муаллиф, «ҳадаф аз нашри китоб он аст, ки дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, фаъол будани аҳли зиё хеле муҳим аст. Ҳамарӯза китобҳои зиёде ба нашр мерасанд, ки камина бо мазмуну муҳтавои аксари онҳо то андозае шиносам. Вале дар шароити кунунӣ нашри китобҳое зарур аст, ки дастовардҳои ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат бадастовардаро дар заминаи далелу рақамҳои мушаххас бозгӯӣ намоянд».

Далер Мерганов  иброз медорад, ки ҳадафи ба панҷ боб ҷудо намудани китоб он аст, ки журналист бояд универсалӣ бошад. Ба ибораи дигар, қаламкаши муосир бояд дар қолаби жанрҳои журналистика ва оид ба тамоми соҳаҳо назарашро рӯи саҳфа рехта ё иброз карда тавонад. Танҳо дар як самт комёб будани журналист то андозае аз заъфи касбият гувоҳӣ медиҳад. Тасмими маҳз ба ин ҷанба рабт дорад.

Тавре дар сарсухан академик Фарҳод Раҳимӣ нигоштааст, «мазмуну муҳтавои китоби «Нахли ҳақиқатбор»-и журналисти маъруф Далер Мерганов далели он аст, ки номбурда таъкидҳои Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор додааст».

Ҳамчунин дар сарсухан омадааст, ки «мардум ба журналист, албатта, рӯзноманигоре, ки ватандӯст ва ҳақиқатнигор буда, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ азми қавӣ ва иродаи шикастнопазир дорад, эътимод даранд. Далер Мерганов аз зумраи ҳамин гуна журналистон аст.

Ҳар як журналист бо мақолаҳои нашркардааш дар ҷомеа мавқеву нуфуз пайдо мекунад. Тавре Дебора Поттер гуфтааст: «Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст». Усули нигориши Далер Мерганов ба шарофати огоҳии комили муаллиф аз моҳияти масъала хусусияти мутмаинсозӣ дошта, хонандаро ба воқеят ошно мекунад».

Маводи китоби «Нахли ҳақиқатбор» таҳлилу танқид, ифшои мушкилот, пешниҳоди роҳҳои ҳалли онро фаро мегирад ва бобҳои басо пураҳамияту пурмуҳтавои он бо забони оммафаҳм иншо шудаанд.

Хотирасон мешавем, ки иддае аз нигоришҳои муаллиф, ки дар ин маҷмӯа гирд омадаанд, қаблан дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр шудаанд.

Март 12, 2021 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд