Ҷамолиддин Абдуллозода дар Конфронси байналмилалӣ роҷеъ ба мубориза бо ВНМО ва некуаҳволии эпидемиологӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар Конфронси байналмилалӣ доир ба мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам ва некуаҳволии эпидемиологӣ, ки 19-22 апрел дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни конфронс доир ба мавзӯи «Таъмини некӯаҳволии эпидемиологӣ дар мубориза бо эпидемияҳо: таҷрибаи Тоҷикистон дар пешгирӣ ва муқовимат бар зидди COVID-19» сухан гуфта, оид ба таҷрибаҳои дар ин самт ба даст омада ба ҳозирин маълумот дод.
Конфронси мазкур дар асоси ташаббуси Хадамоти федеролӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбуди одами Федератсияи Россия (Роспотребнадзор), Барномаи СММ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ доир шуд. Дар он зиёда аз 400 нафар намояндагони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Осиё, Африка ва Америкаи Шимолӣ иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар доираи конфронс ҷаласаи Кумитаи ҳамоҳангсозии «Барномаи кумаки техникӣ барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО ва дигар бемориҳои сирояткунанда» баргузор гардид, ки ҳадафи он ба баррасии имконияти идомаи маблағгузории Барноми Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2024 равона шуда буд.
Инчунин Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо вазири тандурустии Федератсияи Россия Мурашко Михаил Албертович ва роҳбари Хадамоти федеролӣ оид ба назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳбуди одами Федератсияи Россия (Роспотребнадзор) Попова Анна Юрйевна мулоқот намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла таваҷҷуҳ ба таҳсилоти баъдидипломӣ ва омӯзонидани мутахассисонро баррасӣ намуда, доир ба густариш додани ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни соҳа ҳавасмандии хешро иброз намуданд.
АКСҲО аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Ҳамкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Шаҳри Хоруғ дар даври вилоятии ин озмун сазовори Шоҳҷоиза гардид
26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
Дар ноҳияи Айнӣ беморхонаи минтақавӣ бунёд карда мешавад
Таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар доираи СҲШ муаррифӣ карда шуд
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун вохӯрӣ намуд
ҲХДТ ва Ҳизби коммунистии Чин робитаҳоро густариш медиҳанд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид






