«Андалеб-2021» 30 соли Истиқлоли давлатиро бо тобишҳои рангин инъикос мекунад

Апрель 18, 2021 11:11

ДУШАНБЕ, 18.04.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аз моҳи март то нимаи якуми моҳи август бо иштироки дастаҳои ҳаваскорони санъати шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021»-ро баргузор менамоянд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси алоҳида саҳм гузоранд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб- 2021» ба ҳамагон имкон медиҳад, ки аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ комёбиҳои фарҳангу ҳунари ҳар минтақаи мамлакатро бо тобишҳои рангини он манзури тамошобинон гардонанд.

Барои ғолибони даври ниҳоии Фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2021» ва номинаҳои беҳтарин аз ҷониби муассис — Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои пулӣ супорида мешаванд.

Иштирокчиён ва созмондиҳандагони фаъоли фестивал-озмун инчунин бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ифтихорнома»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон сарфароз мегарданд.

Апрель 18, 2021 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сомонаи нави Ассотсиатсияи агентиҳои миллии иттилоотии кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ вусъат меёбанд
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб таъмиру навсозӣ мешавад
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 107 адад расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ вусъат меёбанд
Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад
Корҳои омодагӣ барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» идома доранд
Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Бо ин мақсад бо ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид