Дар ноҳияи Шуғнон маъракаи даъвати ҳарбӣ дар рӯзи аввал ҷамъбаст гардид

Апрель 1, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар асоси хулосаи комиссияи тиббӣ 40 нафар даъватшавандагон, ки 100 фоизи иҷрои дурнамои  даъвати ҳарбиро ташкил медиҳад, пас аз муоинаи тиббӣ қобили хизмат дониста шуда, барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сафарбар карда шуданд.

Тавре аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2021 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994 – 2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ҷавонписарони ноҳияи Шуғнон ба нуқтаи даъвати ҳарбӣ ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузаштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки чанд мавсими даъват аст, ки ҷавонони ватандӯсти ноҳияи Шуғнон ихтиёрона ба нуқтаи даъват барои адои хизмати ҳарбӣ ҳозир шуда, даъвати ҳарбӣ дар рӯзи аввал пурра иҷро мешавад.

Апрель 1, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!