ИД МУБОРАК! Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 08.04.2021/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи иқтисодчиёни Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд.
Вазири рушди иқтиисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ин ҳамоиш кормандони вазорат ва дар шахси онҳо тамоми иқтисодчиёни мамлакатро бо иди касбиашон табрик намуда, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз ба нишондиҳандаҳои назарраси макроиқтисодӣ ноил гардид.
Аз ҷумла, тайи ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 46 миллиард сомонӣ ба 83 миллиард расид, ҳаҷми умумии даромади буҷет 2,5 баробар, даромади пулии аҳолӣ 3 баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2 баробар афзоиш ёфт.
Бино ба зикри мутахассисон, иқтисоди Тоҷикистон, ба далели тавоноиҳои ҷуғрофиёӣ ва табиии худ, яке аз манотиқи муҳимми иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва аз ҷойгоҳе вежа бархурдор аст.
Дар ҳамоиш тазаккур дода шуд, ки вазифаи калидии сиёсати иқтисодии кишвар имрӯз — баланд бардоштани дараҷаи рақобатнокии иқтисоди миллӣ мебошад ва фаъолияти доимии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо маҳз ба ҳамин самт равона шудааст. «Мо бояд минбаъд низ доир ба ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ кӯшиш намоем», — гуфт Вазири рушди иқтисод ва савдо З. Завқизода.
Дар интиҳои ҷамъомади тантанавӣ чанде аз корманди дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтиисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






