Имрӯз — Рӯзи умумиҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба аутизм. Кӯдакони гирифтори ин беморӣ муҳтоҷи дастгирии махсусанд

Апрель 2, 2021 15:31

ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 2 апрел дар ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии паҳннамоии иттилоот оид ба бемории аутизм эълон шудааст. Бемории аутизм ё худ дархудмондагӣ ихтилоли инкишофи рӯҳӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад.

Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «Оила ва кӯдак» —  Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» Зарина Расулова иброз дошт, эҳсоси дархудмондагӣ ё худбегонагӣ сахттарин ҳолати равонӣ буда, наврасон муҳити атрофро ба худ бегона эҳсос мекунанд. Аутизм ихтилоли инкишофи рӯҳӣ буда, дар шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Кӯдакони гирифтори аутизм дар муносибат ба дигарон ва мутобиқати иҷтимоӣ душворӣ мекашанд. Онҳо муҳтоҷи дастгирии махсус мебошанд. Чунин кӯдакон ба назари дигарон эрка, зудранҷ, бетарбия ва нозуктабъ менамоянд. Аз ин рӯ онҳо беасос танбеҳ гирифта, гап мешунаванд ва дар натиҷа маҷбур мешаванд муқобили ҷамъият амал намоянд. Ин гуна кӯдакон бо касе наздикӣ ва дӯстӣ намекунанд.

Ба зикри Зарина Расулова, аутизм метавонад боиси инкишофи нодуруст гардад. Бояд дар оила нисбат ба кӯда­кони гирифтори аутизм муносибати дуруст ба роҳ монда шавад. Барои чунин кӯ­дакон тарбияи муолиҷавӣ хос буда, табобати онҳо дар ҳамбастагӣ бо равонпизишкон, духтурони асаб ва педагогҳо бояд сурат гирад.

Ба ибрози муаллимаи заъфи нутқи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «Оила ва кӯдак»-и Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон» Басхотун Аҳмадбекова, «диққати ин гуна кӯдакон ноустувор буда, онҳо ба ҳар гуна ашё диққати ҷиддӣ намедиҳанд. Аз ин рӯ мо ҳангоми кор бо кӯдак аввал диққати ӯро ба худ ҷалб менамоем ва пас аз 3-4 дақиқа бо онҳо ҳар гуна бозиҳо мегузаронем».

-Кӯдаконе, ки нутқ доранд, кӯшиш менамоем ки барои онҳо дафтари махсус ташкил намуда, одитарин калима ва ибораҳоро нависем, то онҳо бо истифода аз он нутқи худро бурро гардонанд. Мо бештар шавқу завқи онҳоро ба инобат гирифта, вобаста ба он ба падару модарашон тавсияҳо медиҳем,-  мегӯяд Басхотун Аҳмадбекова.

Имрӯз дар шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «Оила ва кӯдак» — и Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии саломатии равонии кӯдакон ва наврасон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит барои ба машғулият фаро гирифтани беморони гирифтори аутизм фароҳам оварда шуда, кормандони марказ кӯшиш менамоянд бо одитарин ашё ба ин кӯдакон сохтани ҳар гуна чизҳоро омӯзанд. Инчунин дар ин марказ барои ба ҳаракат даровардани дасту пойи бемор ва мустақил шудани онҳо таҷҳизоти махсус мавҷуд мебошанд.

Ба иттилои мудири шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «Оила ва кӯдак», ҳоло дар маркази мазкур 273 нафар гирифторони бемории аутизм ба қайд гирифта шудаанд. Ба ақидаи бисёр олимони соҳа, аутизми кӯдакон дар натиҷаи иллат бардоштани силсилаи асабҳои марказӣ рух медиҳад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Аз шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи «оила ва кӯдак»

Апрель 2, 2021 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд