Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои оянда ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2-5 апрел дар натиҷаи баланд шудани дамои ҳаво лағзиши тарма ва резиши санг дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ҳамчунин омадани сел дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳӣ эҳтимол дорад. Рӯзҳои 4-5 апрел болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарёҳои Ёхсӯ ва Қизилсӯ интизор меравад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Маъмулан боронҳои шадид сабаби ҷунбишу ҳаракати хоки теппаҳои наздикӯҳӣ мешаванд. Ҳавои номусоид корҳои чӯпониву чорвочаронӣ ва роҳандозии корҳои кишоварзиро низ ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад. Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон бо як ҷаҳон эҳтиром хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои кӯҳӣ, чорвочаронӣ, ҷамъоварии ҳезум ва занбурӯғҳо худдорӣ кунанд.
Кумита ҳамчунин тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо шаҳрвандон ба моҳидорӣ нараванд ва худро ҳамеша аз соҳилҳо дур нигоҳ доранд.
Бо мақсади роҳ надодан ба пур шудани кӯчаҳо аз оби борон тоза кардани ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро фаромӯш набояд кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон хоҳиш мекунад, ки ҳамеша ба маълумоти Кумита, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт дар мавриди вазъи ҳаво ва роҳҳо диққат диҳанд.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз 4 то 5 апрел дар баъзе ноҳияҳо боронҳои пуршиддат меборанд, дар водиҳо ин борон метавонад ҳамроҳ бо раъду барқ ояд. Дар доманакӯҳҳо, дар баландиҳои беш аз 2000 метр шабонгаҳон барф меборад. Ҳамчунин эҳтимоли боридани жола низ вуҷуд дорад.
3-4 апрел дар баъзе ноҳияҳо вазиши боди шадид бо суръати 15-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст. Дар ноҳияҳои вилояти Суғд суръати вазиши шамол то ба 21-26 метр дар як сония мерасад.
АКС аз бойгонӣ








Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН – НАМУНАИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН. Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ ва маърифатӣ баргузор гардид
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ конфронс доир шуд
Дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон — ташаббускор ва таҳкимбахши сулҳ ва суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд
Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ баргузор намуд
Таҷассум ва густариши сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат дар пасманзари қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
Дар шаҳри Санкт-Петербург Форуми XIV байналмилалии ҳуқуқӣ оғоз гардид
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид






