С. Ятимов: «Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мебошанд»
ДУШАНБЕ, 25.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ шуморида мешаванд. Аз мантиқи даъвати рӯй бар ин ганҷ ниҳодани Сарвари кишвар бармеояд: мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро месозем ва онро аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ − бошуурона ҳимоя карда метавонем, агар хонем, омӯзем. Чунин навиштааст доктори илмҳои сиёсӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов зимни мақолаи худ таҳти унвони «Масъалаи ташаккули инсон дар таълимоти Пешвои миллат», ки дирӯз дар АМИТ «Ховар» бознашр гардид.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо ӯ тазаккур медиҳад, ки озмунҳои «Тоҷикистон − Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фуруғи маърифат» дар баробари ин ки инқилоби фарҳангии Пешвои миллат доир ба ташкилу танзими тарзи ҳаёти нав мебошанд, оғозгари таҳавуллоти ҷиддиву бунёдӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат низ ба шумор мераванд.
Ба таъкиди С. Ятимов, методологияи таҳияи Паём ва сохтори мантиқии он низ, тавре хотирнишон шуд, таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Яъне мардум вақте ҷиддан, бори дигар дар сатҳи олӣ ба хондани китоб даъват гардид, ки имконоти комил ва дастрасӣ ба ин ғизои маънавиро пайдо кард: Ватанаш осуда, хонааш обод, дастархонаш пур аз неъмат, хотираш ҷамъ гашт. Мулк равшан шуд. Корхонаҳо ба кор даромаданд. Киштзору мазраву боғҳо сабзу хуррам ва серҳосил шуданд. Роҳу нақбҳо бунёд гардид. Дидори якдигарии қавми чор мулки асл, ки қаблан фаслҳо дошт, васл ва муттасил гашт. Тибқи урфу одати миллӣ қонунмандӣ пайдо кард. Мулк ваҳдатобод, Тоҷикистон гулистон ва умедгоҳи ҳама ҳамватанон шуд. Беҳтарин мактабҳо бо шароиту имконоти сатҳи олӣ, ки макони хуби донишандӯзианд, бунёд гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз усули муқоисавӣ−таърихӣ рақамҳоеро мисол меоранд, ки умумият ва фарқияти соҳаи маорифро дар самти тайёр кардани кадрҳо дар гузашта ва имрӯз баръало нишон диҳад: «Чунонки борҳо хотирнишон карда будам, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст».
Муаллиф менависад, ки дар баробари дастовардҳо дар соҳаи рушди инфрасохтории маориф, Роҳбари давлат ба он ишора мекунанд, ки тағйироти миқдорӣ ҳанӯз нишонгари дараҷаи касбият ва тахассусмандии хатмкардагони мактабҳои олӣ буда наметавонад. Зеро ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳз тавассути сатҳи баланди касбии кадрҳо таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ, ӯ доир ба касбомӯзӣ ва омодагии кадрҳо сухан ронда, таъкид месозад, ки кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ бояд сифатҳои воқеии корманд бошанд.
Тағйироти мусбати миқдории инфрасохтори соҳаи маорифро ёдовар шуда, Сарвари миллат ҳамчунон ишора мекунанд: «Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад».
«Тахассусмандӣ ва сифатҳои шахсии соҳибкасб аввалин аломатҳое ҳастанд, ки омма онҳоро зуд эҳсос мекунад. Интизории ҷомеа аз хатмкардагони мактабҳои миёна, олӣ, соҳибунвонҳои илмӣ он аст, ки тибқи дараҷаи эълоншудаи маълумот шахс аз худ амалҳои судманди баробарвазн ва ҳатто зиёда аз онро нишон диҳад», — тазаккур медиҳад С. Ятимов.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ








Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид






