Санаи оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон муайян шуд

Апрель 8, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон 13 апрел оғоз мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қарори ниҳоӣ дар бораи рӯзи дақиқи оғози моҳи Рамазон пас аз хулосаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шӯрои уламо гирифта шуд, — иттилоъ доданд дар Кумита.

Ёдовар мешавем, дар моҳи Рамазон, ки як моҳ идома мекунад, мусалмонон аз дамидани субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ менамоянд. Ғайр аз ин, дар ин муддат тамокукашӣ ва рафторҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ манъ аст.

Рамазон ин моҳи муқаддас барои бознигарии ҳаёт, поксозии рӯҳ ва ҷисм аст.

«Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки ислом моҳиятан чун дини маърифату ахлоқ ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, муоширати нек ва муҳаббату самимиятро бо аҳли хонадон, хешу таборон, ҳамсояҳову атрофиён ва риояи одоби бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкоронро талқин мекунад», — иброз доштаанд дар ин маврид Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, вазифаи имониву инсонии ҳар фарди бонангу номуси Ватан ва мусулмони равшанфикр ин аст, ки дар баробари адои рисолати динӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандии хешро низ ба ҷо орад. Ҳар яки моро зарур аст, ки  кӯшишу талоши худро ба пешрафту ободии Тоҷикистон, ки имсол 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии он ҷашн гирифта мешавад, ҳифзи истиқлол ва таҳкими дастовардҳои он, пеш аз ҳама, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин комёбиҳои мо мебошанд, равона созем.

Ёдовар мешавем, ки қаблан мутахассисони СУТ якчанд  маслиҳатҳоеро таҳия карда буданд, ки диндорон бояд дар моҳи шарифи Рамазон дар соли 2021 онҳоро ба инобат гиранд. СУТ зарурати эҳтиётро ҳангоми пандемияи коронавирус хотиррасон мекунад, зеро хавфи сироят то ҳол боқист.

Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бар зидди коронавирус таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳушдор медиҳад, ки тадбирҳои эҳтиётӣ андешида шаванд, то маросими анъанавӣ сабаби паҳншавии сироятҳо нашаванд.

Чанде қабл, Шӯрои уламои Тоҷикистон аз диндорон даъват кард, ки дар моҳи Рамазон аз лавозимоти шахсии муҳофизатӣ — ниқоб ва дастпӯшак истифода кунанд, дастҳоро дезинфексия кунанд ва худро  бар зидди коронавирус эм кунанд.

                                                                    АКС аз АМИТ «Ховар»

Апрель 8, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти касбӣ бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Нобиғае, ки аз замони худ садсолаҳо пештар меандешид
Ширкати «IRS»: «Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ таъмин аст»
ШАРБАТИ САЛОМАТӢ. Олимони тоҷик истеъмоли онро барои пешгирии бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва диабет тавсия медиҳанд
СИРИШТИ СИНОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб
«ТОБИСТОН-2026». Дар Суғд барои шавқовар баргузор намудани истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон тадбир меандешанд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак чӣ уҳдадорӣ ва ҳуқуқ доранд?
Дар Душанбе ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» қадрдонӣ гардиданд