Шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии Бадахшон пас аз таъмири асосӣ ба фаъолият оғоз намуд

Апрель 11, 2021 09:37

ХОРУҒ, 11.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятӣ пас аз таъмири асосӣ ва таъмин бо  таҷҳизоти муосири тиббӣ  ба қабул ва табобати беморон оғоз намуд. Раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед аз  шуъбаи мазкур боздид намуданд.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, барои таъмири утоқҳои ҷарроҳӣ, ҳуҷраҳои беморон ва дастрас кардани таҷҳизоти нави тиббӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ 756 ҳазор сомонӣ ҷудо  намуд.

Шӯъбаи эҳё ва беҳискунии беморхонаи мазкур низ нав аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардид. Таъмиру тармими шуъбаи мазкур бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  анҷом дода шуд. Барои таъмири утоқу ҳуҷраҳои ин шуъба зиёда аз 350 ҳазор сомонӣ сарф гардид.

Ҳамчунин дар ҳавлии беморхонаи вилоятӣ хаймаҳои махсус бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва пурарзиш барои пешгирӣ ва табобати бемории Ковид 19 васл шудаанд. Ин хаймаҳо бо дастгоҳҳои тавлиди оксиген ва  нафасдиҳии сунъӣ, компютери томографию магнитӣ пурра таъмин гардидаанд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шодихон Ҷамшед пас аз санҷиши сифати корҳои сохтмониву таъмирӣ ҳамзамон дар  аттестатсияи тахассусии кормандони соҳаи тибби вилоят ширкат намуд.

                                                                    Аксҳо:  МИҲД ВМКБ

Апрель 11, 2021 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид