30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ корҳои омодагӣ ба пешвози ин ҷашни миллӣ вусъати тоза мегиранд
ДУШАНБЕ,03.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру таҷдиди биною иншоот дар ноҳияи мазкур шинос гардид. Номбурда дар оғози корҳои таъмиру таҷдиди боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия ва Парчами давлатӣ, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, иштирок намуд. Масоҳати умумии иншооти мазкур 55430 метри мураббаъро ташкил дода, сохтмони он тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонии меъморӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон бо роҳбарияти ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» аз заминҳои наздисарҳадӣ, ки солҳои пеш дар онҳо ҳавзҳои моҳипарварӣ буд, дидан намуда, масъалаи аз нав ташкил намудани чунин ҳавзҳоро баррасӣ карданд.
Дар ин раванд вазир бо сокинон, соҳибкорон, кормандони мақомоти маҳаллӣ ва шахсони эҳсонкорону ватандӯсти ноҳия вохӯрӣ намуда, онҳо ба корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдиди манзили истиқоматӣ ва биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, кӯчаю маҳалла ва шаҳраку деҳоти ноҳия даъват карда шуданд.То ин давра аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда 185 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони 25 иншоот-нуқтаҳои хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, хати оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо ва ғайраҳо тибқи нақша идома доранд.Қисми зиёди иншооти мазкур бо ҷалби сокинони маҳал, фаъолон, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия амалӣ шуда истодаанд.
Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Истаравшан бунёди иншооти соҳаи маориф идома дорад
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд






