Шарҳи Вазири рушди иқтисоди Россия дар бораи он ки чаро иқтисоди кишварҳои СҲШ дар давраи пандемия пойбарҷой монд

Июнь 23, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми иқтисодии СҲШ дар Душанбе Вазири рушди иқтисоди Россия Максим Решетников изҳор дошт, ки суқути иқтисодиёти кишварҳои узви ин созмон дар ҷамъбасти соли 2020 назар ба коҳиши иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна хеле камтар аст. Дар ин бора имрӯз «Sputnik» хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, чунин «шароити мусоид» — натиҷаи он аст, ки кишварҳо сиёсати хирадмандонаи зиддибӯҳрониро дунбол намуданд.

Ба қавли ӯ, ҳама чиз пеш аз ҳама ба нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ ва даромадҳои шаҳрвандон, дастгирии соҳибкорӣ, аз нав фаъол намудани силсилаи сармоягузорӣ, суръат бахшидан ба рушди рақамӣ ва инноватсионии иқтисодиёт равона шуда буд.

Илова бар ин, ба гуфтаи вазир, ҳоло маҳруки (траекторияи) барқароршавии иқтисодиёт аз он чизе, ки интизор мерафт пештар аст ва он ба нишондиҳандаҳои миёнаи соли 2019 баргаштааст.

Роҳбари Вазорати рушди иқтисод зикр  кард, ки пандемия равандҳои пеш аз оғози он аёншударо тезонид ва маҷбур кард, ки ба кори ҳалли  вазифаҳое, ки барои ҳалли онҳо дар шароити муқаррарӣ солҳо сарф мешуд, суръат бахшида шавад.

«Сухан дар бораи рақамисозӣ ва рушди экосистемаҳои рақамӣ меравад. Рушди иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия омилҳои асосии рушди иқтисодӣ барои ҳар як кишвари мо ва дар маҷмӯъ барои СҲШ мебошанд», — таъкид кард Решетников.

Ёдовар мешавем, ки Форуми иқтисодии СҲШ дар сатҳи вазирони иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар Душанбе 23-24 июн дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» сурат мегирад.

Иштирокчиёни форум масоили ҷорӣ намудани системаи ҳукумати электронӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, таблиғ ва истифодаи афзалиятҳои тиҷорати электрониро дар фазои СҲШ баррасӣ мекунанд.

АКСИ: © Sputnik / Евгений Биятов

Июнь 23, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» ва «Turkish Airlines» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон бо сифати аъло дар бозорҳои хориҷӣ мавқеи муносиб пайдо кардааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Дар Душанбе истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст