Темур, Ҷаҳонгир, Муҳаммадшариф ва Ориф шоҳҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллиро соҳиб гардиданд

Июнь 28, 2021 12:12

ДУШАНБЕ, 28.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 27 июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ баргузор гардид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.
Дар ин мусобиқа паҳлавонон аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон ва Афғонистон, инчунин Давлати Кувайт иштирок карданд. Дар рафти қувваозмоӣ паҳлавонони тоҷик фаъолона иштирок намуда, дар вазнҳои -65 кг, -75, кг, -90 кг ва +90 кг чаҳор зинаи аввал ва шоҳҷоизаи мусобиқаро ба даст оварданд.

Миёни вазни -65 кг паҳлавони ҷавони тоҷик Ориф Додов дар даври ниҳоӣ бо шикаст додани паҳлавони ӯзбек Дилшод Бӯриев нишони тиллои мусобиқаро ба даст овард. Зинаи сеюмро паҳлавонон Хайрандеш Муродзода аз Тоҷикистон ва Муҳаммад Юсуф Шуайб аз Афғонистон ишғол карданд.

Маҳмадшариф Наҷмиддинов, паҳлавони тоҷик, ки зодаи ноҳияи Файзобод аст, дар вазни -75 кг бо шикаст додани паҳлавони ӯзбек Улуғбек Отамуродов шоҳҷоизаи дигари мусобиқаро ба даст овард. Ду зинаи сеюмро Мирлан Эралиев аз Қирғизистон ва Мирзоҷамил Рамазанов аз Тоҷикистон касб карданд.
Дар вазни -90 кг бошад, паҳлавони номдори тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар даври ниҳоӣ бо мағлуб кардани Эркин Қазоқови ӯзбек шоҳҷоизаи сеюмро ба даст овард. Нишони биринҷии ин вазнро Арам Григорян аз Россия ва Ҳамроз Раҷабов аз Тоҷикистон ба даст оварданд.

Дар вазни ҷамъи 90 кг миёни сангинвазнҳо паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов бо шикаст додани паҳлавони эронӣ Иброҳим Шаҳриёр нишони тилло ва шоҳҷоизаи мусобиқаро ба даст овард. Зинаи сеюмро ду паҳлавони ӯзбек Шариф Назриев ва Яҳё Имомов ишғол карданд.

Мавриди зикр аст, ки гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз намудҳои шинохтаи варзиш ба ҳисоб рафта, сол то сол дар дохил ва хориҷи кишварамон маъруфият касб карда истодааст.

Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ

Вазни 65кг

  1. ОРИФ ДОДОВ (ТҶК)
  2. Буриев Дилшод (ӮЗБ)
  3. ХАЙРАНДЕШИ МУРОДЗОДА (ТҶК)
  4. Муҳаммад Юсуф Шуйаб (АФҒ)

Вазни 75кг

  1. МУҲАММАДШАРИФ НАҶМИДДИНОВ (ТҶК)
  2. Улуғбек Отабмуродов (ӮЗБ)
  3. Мирлан Эралиев (ҚГЗ)
  4. МИРЗОҶАМИЛ РАМАЗОНОВ (ТҶК)

Вазни 90кг

  1. ҶАҲОНГИР МАҶИДОВ (ТҶК)
  2. Эркин Қазоқов (ӮЗБ)
  3. Арам Григорян (РУС)
  4. ҲАМРОЗ РАҶАБОВ (ТҶК)

Вазни +90кг

  1. ТЕМУР РАҲИМОВ (ТҶК)
  2. Ҷарҷал Иброҳим Шаҳриёр (ЭРН)
  3. ШАРИВ НАЗРИЕВ  (ТҶК)
  4. Яҳё Имонов (ӮЗБ)
Июнь 28, 2021 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун беш аз 2600 медал ба даст оварданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шаҳринав Фестивали бозиҳои варзишӣ баргузор гардид
Парчамбардорони тоҷик хотираи қаҳрамонони миллатро пос доштанд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Шоҳмансур Фестивали варзишӣ баргузор гардид
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Ню-Йорк ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид
Байни кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд идома дорад
Қуръакашии марҳилаи асосии Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол доир шуд
ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2026. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ҷойи сеюмро ишғол намуд
Дар қароргоҳи СММ Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар ноҳияи Данғара байни омӯзгорон мусобиқаи футбол доир шуд
Дар Дави миллӣ дар Душанбе беш аз 32 ҳазор нафар иштирок намуданд