Боксчии тоҷик Сиёвуш Зуҳуров аз идомаи рақобатҳои Бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд
ДУШАНБЕ, 29.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 варзишгари мо аз намуди бокс – Сиёвуш Зуҳуров муҳориба кард. Ӯ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври ҳаштякфиналӣ дар вазни +91кг аз намояндаи Фаронса Мурод Алиев бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
25 июл варзишгари дигарамон дар ин намуд Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардид.
Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва ӯ 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехӯрад.
30 июл Темур Раҳимов дар намуди ҷудо дар вазни +100кг гӯштин мегирад. Ҳарифи нахустинаш Эндӣ Гранда аз Куба мебошад. Ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд.
Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид гардидаанд. 11324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.
Дар рӯзи шашуми бозиҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 14 медали тилло, 6 нуқра, 9 биринҷӣ пешсаф аст. ИМА, ки 13 медали тилло, 13 нуқра, 10 биринҷӣ дорад, дар ҷои дуюм, Ҷопон бо 13 медали тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ дар мақоми сеюм ҷойгиранд.
АКС аз Федератсияи бокси Тоҷикистон








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






